Дарвоз: Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд, ба МТМУ ном гузоштанд
Тибқи нақшаи чорабиниҳои МИҲД-и ноҳияи Дарвоз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-и деҳаи Ушхарв чорабинии номгузории муассиса ба номи яке аз шахсиятҳои шинохтаи ноҳия ва ифтитоҳи майдончаи варзишӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Дарвоз, сараввал муовини раиси ноҳия Қосимӣ Д. А. хонандагон, омӯзгорон ва сокинони деҳаро ба ин муносибат табрик гуфта, қайд намудааст, ки Хушов Насиб аз зумраи он шахсиятҳое буд, ки тавонист дар давраи фаъолияташ шогирдони зиёдеро тарбия намуда, фарзандонро дар руҳияи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия намояд.
— Бо дастгирии оилаи Хушовҳо майдончаи варзишӣ бо маблағи зиёда аз 1 млн 300 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, ки барои сокинони деҳа туҳфаи арзишманд дар арафаи 32-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ