Дастгиршави дузди ботаҷриба
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки қаблан бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони даст доштан дар силсиладуздиҳо дастгир карда шуд.
Гумонбаршуда аввалҳои моҳи октябри соли 2016, пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии марди 43-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ шуда, аз он ҷо таҷҳизотҳои сантехникӣ, ҷамъ ба маблағи 9052-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳамчунин, дастгиршуда бо ҳамин роҳ, аз сокинони дигари ҳамин ноҳия аз хонаи зани 47-сола асбобу анҷоми рӯзғор, ҷамъ ба маблағи 1785-сомонӣ, аз хонаи истиқоматии марди 36-сола як адад ноутбуки тамғаи “АСЕР”, 2500-доллари амрикоӣ ва 60000-рубли русӣ, ҷамъ ба маблағи 30000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса давом дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ