Марги сарбози тоҷик аз тири қочоқбарони афғон

Як афсари 27-солаи тоҷик зимни муқовимат бо қочоқбарон дар марз бо Афғонистон кушта шудааст. Бо афзоиши кишту қочоқи маводи мухаддир дар кишвари ҳамсоя талоши қочоқбарон барои вуруд ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон талош доранд, шахсияти қочоқбаронеро мушаххас кунанд, ки зимни даргирӣ дар марз бо Афғонистон як афсари нерӯҳои марзбониро куштанд. Умедҷон Ҳасанов, афсари 27-сола шаби 20-уми октябр зимни муқовимат ба як гурӯҳи қочоқбарон дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ бо вилояти Тахори Афғонистон кушта шуд. Ба гуфтаи хешовандонаш дар бадани афсари кушташуда осори 11 тир дида мешуд.

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ имсол 22 маротиба бо қочоқбарони маводи мухаддир, ки саъйи вуруд ба Тоҷикистон доштанд, вориди даргирӣ шуданд ва Умедҷон Ҳасанов, аввалин марзбонест, ки имсол аз тири кочоқбарон кушта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *