Вазъи боду ҳаво

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, рӯзона баландшавии ҳарорат пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб аз 2 то 7 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона аз 7 то 9 ва рӯзона аз 26 то 28 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар додаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво имрӯз дар вилояти Хатлон тағйирёбанда ва бебориш шуда, шамол аз самти ғарб то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 4 то 9 ва рӯзона аз 19 то 24 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда ва бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони майда пешгӯӣ мешавад. Суръати шамол аз самти ғарб аз 2 то 8 метр дар як сонияро ташкил медиҳад. Дар баландии 2500 метр барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 9 то 14 дараҷа, рӯзона аз 17 то 22 дараҷа гарм мешавад.
Дар Бадахшон ҳавои абрнок ва боридани борони суст дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона +5, рӯзона аз 14 то 19 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 6 то 11, рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии навоҳии тобеи марказ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона аз 5 то 10, рӯзона аз 23 то 28 дараҷа гарм мешавад. Дар баландии 3000 метр боридани барф пешгӯӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *