Дастгиршавии маняки тоҷик
Як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскав бо иттиҳоми таҷовуз ба номус ва ғорати як ҷавонзани 19-сола дастгир шудааст. Матбуоти Русия менависад, ки пулис ҳатто ду манякеро, ки дар назди истгоҳҳои метро ба занон ҳамла мекарданд, дастгир кардааст.
Шӯъбаи тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Митишии вилояти Маскав хабар дод, ки парвандаи як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноятии Русия — қисми дуюми моддаи 131 (таҷовуз ба номус), қисми дуюми моддаи 132 (зӯроварии шаҳвонӣ) ва қисми дуюми моддаи 161(ғоратгарӣ бо истифода аз зӯроварӣ) – таҳқиқ мекунад.
Бино гузориши нашршуда дар сомонаи раёсати тафтишоти вилояти Маскав, шоми 27 май як сокини 19-солаи шаҳри Маскав, ки дар ҳипермаркети «Ашан” дар шоҳроҳи Осташковскоеи шаҳри Митиши ба ҳайси фурӯшанда кор мекард, ҳангоми бозгашт аз кор дар як ҷангали воқеъ байни мағозаи «Ашан” ва истгоҳи метрои «Медведково” ҳадафи ҳамлаи як марди ношинос қарор гирифтааст.
Гузориш меафзояд:»Ин мард ба гулӯи духтар корд монда, ӯро ба дохили ҷангал кашонда бурдааст ва дар онҷо аввал ба номусаш таҷовуз карда, сипас нисбат ба вай амалҳои шаҳвонии зӯроварона анҷом додааст ва дар ниҳоят пулҳои ӯро ба маблағи 57 770 рубл ғорат кардааст.”
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, шахсияти ҳамлагар хеле зуд маълум карда шуда, ин шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро рӯзи 3 июн дастгир карданд.
Акнун ба ин шаҳрванди Тоҷикистон барои таҷовуз аз 4 то 10 сол, барои амалҳои шаҳвонии зӯроварона низ аз 4 то 10 сол ва барои ғоратгарӣ то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар ҳамин ҳол, бисёре аз нашрияҳои Русия, аз ҷумла «Взгляд” ва «Российская газета” бо такя ба манобеи худ дар пулис дар бораи боздошти «маняк”-е хабар додаанд, ки ба дастикам 4 ҳамла ба занони раҳгузар дар атрофи истгоҳи метрои «Медведково” гумонбар мешавад. Нашрияҳои русӣ шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистонро билофосила «маняки Медведково” ном додаанд.
Бархе нашриящо мегӯянд, дар Медведково дар асл ду нафар бо навбат амал мекарданд ва пулис ҳардуро дастгир кардааст. Ибтидо як шаҳрванди Қирғизистон ба даст афтода, шарикаш дар ин ҳамлаҳо ба занони раҳгузар дар атрофи истоҳи «Медведково”-ро низ ба пулис супурдааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ