Имомҳо нахостанд ҷанозаи терористонро хонанд

130 имом ва рӯҳонии муқими Бритониё аз имоматӣ ва ширкат дар намози ҷанозаи террористҳое, ки шаби 4 июн дар Лондон болои мардуми раҳгузар ҳамла карданд, даст кашидаанд. Онҳо аз дигар рӯҳониён низ даъват кардаанд, ки дигар ҷанозаи террористҳоро нахонанд.

Як гурӯҳи иборат аз 130 имом ва раҳбарони рӯҳонӣ бо нашри як изҳорот аз номи Шӯрои мусалмонони Бритониё гуфтаанд, намози ҷанозаи онҳоеро, ки дар ҳамлаи шаби 4 июн дар Лондон даст доштанд, нахоҳанд хонд.

Адои намози ҷаноза барои ҳар мусалмони фавтида, сарфи назар аз аъмолаш дар ин дунё дар Ислом як амри ҳатмист. Вале имомҳо ва рӯҳониёни Бритониё гуфтаанд: «Мо намози ҷанозаи ин ҷинояткоронро намехонем ва аз дигар имомҳо ва мақомоти мазҳабӣ низ даъват мекунем, ки айни корро кунанд. Чунки амале ки инҳо анҷом доданд, комилан хилофи таълимоти дини Ислом аст.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *