Давлаталӣ Саид аз ноҳияи Ёвон боздид кард

 Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон рафт.

Ӯ охири ҳафта дар ин ноҳия аз сохтмони муассисаи таълимӣ, корхонаи коркарди пахта ва хоҷагии деҳқонии “Руқия” дидан кардааст.

 Феълан дар ҷамоати деҳоти деҳоти Обшорон сохтмони бинои нави муассисаи таълимии рақами 69 идома дорад.

 Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон аз ин иншоот боздид кардааст.

Бунёди иншооти мавриди назар дар доираи 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Муассисаи таълимӣ барои 640 хонанда дар ду баст бо харҷи 3 миллион сомонӣ сохта мешавад. Дар ин рӯз Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон аз хоҷагии деҳқонии “Руқия” ҳам диданд намуд.

Ин хоҷагӣ дар майдони 20 гектар замин ташкил шуда, дар қисме пахта ва қисмати дигар ғалладонагӣ парвариш мекунад. Хоҷагии мавриди назар нақшаи ҷамъоварии пахтаро 100 дарсад иҷро кардааст.

Ба пахтачинони фаъоли хоҷагии деҳқонии “Руқия” аз номи раиси вилояти Хатлон туҳфа супорида шуд. Ҳамчунин давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба коркарди ҳосили пахта дар ҶДММ “Ист Коттон НФР”-и ноҳияи Ёвон шинос гардидааст.

 Бояд гуфт, ки соли 2023 дар ноҳияи Ёвон дар майдони 10 ҳазору 162 гектар пунбадона кишт карданд. Хоҷагидорон бо истеҳсол ва ҷамъоварии зиёда аз 23 ҳазору 822 тонна пахта нақшаи дурнаморо пурра иҷро кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *