Устоди мусиқии Рӯдакӣ кӣ буд?

Хоҷа Абулаббоси Бахтиёр кӣ буд?

Чаро устоди мусиқии Рӯдакӣ сарбоз шуд?

Мазори устоди Рӯдакӣ дар куҷост?

Деҳаи Косатароши шаҳри Панҷакент яке аз деҳаҳои зебоманзар ва қадима дар соҳили рӯди Моғиён мебошад. Сокинонаш ҳунарманду меҳмоннавоз ҳастанд. Машғулияти кишоварзӣ, ҳунари чӯбкорӣ ва навозандагиву сарояндагӣ ҳанӯз ҳам дар байни мардум васеъ паҳн шудааст, ки ҳар яке бесабаб нест. Агар кишоварзиву ҳунари чӯбкорӣ дар замири ин мардум меросе аз ниёгон бошад, ҳунари навозандагиву сарояндагӣ мерос аз Хоҷа Абулаббоси Бахтиёр аст.

Хоҷа Абулаббос устоди мусиқии Асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад, ки аҷдодонаш чун дигар муҳоҷирон дар арафаи ҳуҷуми арабҳо аз Самарқанд ба инҷо кӯчидаанд.

Падараш чорводор буд ва худаш рамаи бузу гӯсфандонашро нигоҳубин карда, рӯзии фарзандонро аз ҳамин ҳисоб таъмин менамуд. Ӯ мухлиси санъат буд. Табъи шоирӣ ва навозандагӣ низ дошт. Баъзан чанг ё танбӯр менавохт. Ҳангоми ба саҳро бурдани чорво гоҳе фарзандаш Бахтиёрро низ ҳамроҳи худ мегирифт.

Садои навозиши падар дар куҳҳо танинандоз мешуд ва қалби Бахтиёри кӯчакро тасхир мекард. Аз ҳамон ҷо Бахтиёр ба санъат меҳр баста, чун санъаткори мумтоз ба камол расид. Азбаски шароити маишии хонавода хуб буд, падар ба камолоти фарзанд диққати ҷиддӣ медод ва ӯро ҳамаҷиҳата дастгирӣ мекард. Дар 20-солагӣ ба Самарқанд рафта, ба дарбори Насри 1 Сомонӣ (864-892) роҳ ёфт ва муддате ҳамчун сарбоз хизмат кард. Садои марғуладори шерона ва ҷасорату мардонагиаш боис гардид, ки дар байни сарбозон унвони парчамбардорро соҳиб гардад. Зеро дар сафи пеши лашкар ҳамеша чун раҳнамо парчамдорон меистоданд, ки бозувони боқувват доштанд. Бахтиёр низ қади баланд ва дасту бозувони боқуввате дошт. Дар баробари ин, фориғ аз набардҳо ба навохтани асбобҳои мусиқӣ машғул мешуд. Сарбозон ба давраш ҷамъ омада, зери садои мусиқиаш дилхушӣ мекарданд. Ӯ дар Самарқанд издивоҷ кард ва соҳиби фарзанд шуд. Ба хотири эҳтиром ба яке аз дӯстонаш ба фарзанди худ Аббос ном гузошт. Бинобар ин ӯро Абулаббос мегуфтанд.

Вақте Рӯдакӣ ба дарбор роҳ ёфт, шоҳиди яке аз базмҳои сарбозон гардид ва бо Бахтиёр ошно шуд. Он вақт синни Бахтиёр ба ҷое расида буд. Ӯ соҳибистеъдод будани Рӯдакиро дарк карда, ҳунарашро ба ӯ омӯзонд ва ёдрас шуд, ки «ман бояд навозанда мешудам, вале тақозои замон ҳаминро талаб мекард, ки сарбоз бошам. Аммо пушаймон нестам. Зеро дар соҳибқудрат ва эҳё шудани давлати аҷдодӣ хизмат кардам. Ту бояд ин ҳунарро омӯзӣ…».

Рӯдакӣ дар вақтҳои холигиаш ба назди Бахтиёр меомад. Соатҳо суҳбат мекарданду шеърҳои тозаэҷоди Рӯдакиро ба оҳанг дароварда, месароиданд.

Бахтиёр дар пиронсолӣ ба зодгоҳаш Косатарош баргашт ва дар ин деҳа чун яке аз шоҳидон ва ровиёни корномаҳои Сомониён соҳибэҳтиром гардид. Соатҳо мардум дар меҳмонхона ба нақлҳо ва навозишу сурудҳои ӯ гӯш медоданд.  

Аз ӯ дар манобеъ бо номи Хоҷа Абулаббос Бахтиёри Самарқандӣ ёд шудааст. Қабраш дар оромгоҳи деҳаи Косатарош зиёратгоҳи аҳли деҳа ва берун аз он мебошад. Ҳамасола дар арафаи ҷашни Наврӯз пайравони санъати мусиқӣ, сарояндагону навозандагони деҳа ба гиромидошти хотираи ӯ дар мавзеи Мурӯдак ҷамъ омада, сурудхонӣ мекунанд.

Шоён АЛИМУҲАММАД,

унвонҷӯи ДОТП, директори МТМУ 75-и шаҳри Панҷакент

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *