Бори нахуст. Иштироки 7 паҳлавони тоҷик дар гуштии кураш-2023

Бори нахуст дар таърихи варзиши тоҷик 7 паҳлавон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии кураш ширкат мекунанд.

Аз 23 то 28 ноябр дар шаҳри Ишқобод (Туркманистон) 14-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштии кураш-2023 баргузор мешавад.

Мусобиқаҳо аз рӯи 14 вазн байни занону мардон дар нақша гирифта шуда, дар он 400 варзишгар аз 57 кишвари ҷаҳон ширкат менамояд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кг, Хайрандеш Муродзода дар вазни то 66 кг, Наврӯзи Каримзод дар вазни то 73 кг, Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни то 81 кг, Ҳақназар Назаров дар вазни то 90 кг, Фирдавс Насимов дар вазни то 100 кг ва Хуршед Маҷидов дар вазни +100 кг намояндагӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *