ДБССТ дар Суғд олимпиада баргузор кард

Бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз фанҳои математика, физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ ва география олимпиада баргузор гардид.

Тавре ки аз донишгоҳи мазкур ба Pressa.tj хабар доданд, 2 апрели соли равон олимпиадаи мазкур миёни хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷамъбаст шуд.

“Дар ин мусобиқаи зеҳнӣ 250 хонанда аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд бо ҳам рақобат намуданд. Барои баҳогузории холисона ва касбии сатҳи дониши иштирокчиён, ҳайати доварон аз ҳисоби омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ҷалб карда шуданд”,-иттилоъ дод манбаъ.

Дар натиҷа ғолибон бо «Ҷоми раёсати ДБССТ», диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image