ДДОТ: Дастовардҳо дар замони Истиқлолият назаррасанд
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такомули бештари Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шароити басо мувофиқ ба вуҷуд овард ва онро ба самти тозаву пурсамари рушд ворид сохт.
Давоми 25 соли охир дар донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои миллӣ ва талаботи давлати соҳибистиқлол факултету кафедраҳои нави созгори хостаҳои замон, шуъбаву марказҳо, толору озмоишгоҳҳои гуногун арзи ҳастӣ карданд. Барномаву нақшаҳои таълимӣ таҷдиди назар гардида, дар заминаи онҳо китобҳои дарсӣ, дастурҳои арзишманди мутобиқ ба рӯҳияи замон ва равандҳои пештози илми муосир нигошта шуданд. Сатҳи дараҷаи илмӣ ва маҳорату малакаи устодон низ хеле боло рафт. Донишгоҳ бо воситаҳои техникӣ, аз ҷумла компютерҳои пайваст бо шабакаи Интернет ва дигар ашёи зарурии техникӣ муҷаҳҳаз гардид. Ҳамаи ин тадбирҳои муҳим ва судманд ба тадриҷан беҳтар гаштани дараҷаи саводнокиву давомоти донишҷӯён, тақвияти фаъолияти онҳо мусоидат кард.
Мо ифтихормандем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба донишгоҳи мо низ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранд ва баҳри таҳкими фаъолияти он пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Соли 2001 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни 70-солагии донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуда, рисолати олии ин маъвои маърифатро таъкид ва аз фаъолияти бавусъати он изҳори қаноатмандӣ карда буданд. Ҳамчунин, маҳз бо дастури Президенти мамлакат барои факултетҳои филологияи тоҷик ва таърих дар як муддати кӯтоҳ бинои нави бошукӯҳи замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, соли 2014 бинои нави таълимӣ барои факултетҳои забони англисӣ, забонҳои романӣ-германӣ ва технология ва соҳибкорӣ мавриди истифода қарор гирифт. Боиси фараҳмандӣ ва ифтихори аҳли донишгоҳ аст, ки дар расми ифтитоҳи ҳарду бино шахсан Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, бо устодону донишҷӯён мулоқот кардаанд.
Танҳо ба шарофати истиқлолият донишгоҳ ба таври шоиставу мукаммал ва ҳаматарафа рушд ёфт. Воқеан ҳам, истиқлолият ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин дастоварду муваффақияти ҳар як кишвар барои пешрафту шукуфоии тамоми соҳаҳои ҳаёти он дар заминаҳои миллӣ шароити мувофиқу созгор ба амал меоварад. Дар 25 соли пуршарафи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳ куллан тағйир ёфт ва ба сатҳи баланди такомули сифатӣ расид. Донишгоҳ барои фаъолияти бардавому самаровараш дар соҳаи маориф бо ордени «Дӯстии халқҳо» мукофотонида шудааст.
Донишгоҳи омӯзгорӣ дорои 13 факултет аст: филологияи тоҷик, педагогика, таърих, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, забонҳои романӣ-германӣ, математика, география, химия, физика, технология ва соҳибкорӣ, биология, иқтисодиёт ва идоракунии соҳаи маориф. Тавассути ин факултетҳо мувофиқ ба 58 ихтисос: 7 ихтисоси равияи ғайриомӯзгорӣ ва 51 ихтисоси омӯзгорӣ ва 21 ихтисоси зинаи таҳсилоти магистратура мутахассис тайёр карда мешавад. Дар донишгоҳ дар маҷмӯъ 52 кафедра фаъолият доранд. Дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ беш аз 15 ҳазор донишҷӯ таҳсил менамоянд.
Дар зинаи магистратура 200 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Барои 81 нафар магистри лаёқатманд ва дорои дониши хубу аъло стипендия муқаррар карда шуд, ки аз ин шумора ба 20 нафар стипендияи аъло дода мешавад.
Сомонаи донишгоҳ tgpu.tj ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ фаъолият менамояд. Дар сомонаи мазкур тамоми хабару мақолаҳо ва маводи нашрияҳои донишгоҳ ворид карда шудаанд.
Донишгоҳ дар самти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла дар донишгоҳ 367 нафар устоди тасвибӣ, 103 нафар устоди ҳамкори дохилӣ ва 52 нафар устоди берунӣ – дар маҷмӯъ 522 нафар фаъолият доранд. Аз ин шумора 43 нафарро доктори илм (8,2%), 147 нафарро номзади илм (28,1%) — дар маҷмӯъ 190 нафарро (36,3%) устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.
Дар донишгоҳ айни замон 10 мавзӯи илмӣ-тадқиқотии аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда амал карда истодааст, ки ҷиҳати иҷрои корҳои мазкур дар донишгоҳ 51 омӯзгор ҷалб гардида, дар атрофи паҳлуҳои мухталифи мавзӯъҳои зикршуда тадқиқот бурда истодаанд.
Айни замон дар шуъбаи аспирантура ва докторантура ҳамагӣ 120 нафар аспирант, 20 нафар докторант аз рӯи ихтисос, 1 нафар докторант ва 202 нафар унвонҷӯ ба таҳсил ва таҳқиқи кори илмӣ фаро гирифта шуданд.
Соли 2015 тибқи нақшаи қабул ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №1015 аз 27.04 2015 ба фаъолияти шуъбаи «доктори фалсафа (Ph.D)», «доктор аз рӯи ихтисос» иҷозат дода шуд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2016 аз тарафи аспирантону унвонҷӯёни донишгоҳ 18 нафар рисолаҳои илмӣ, аз ҷумла, 1 рисолаи докторӣ ва 17 рисолаи номзадӣ дифоъ карданд. Инчунин, 16 нафар, аз ҷумла, 8 нафар аспирант ва 8 нафар унвонҷӯ рисолаҳои худро аз муҳокимаи кафедра гузарониданд.
Конференсияи анъанавии апрелии имсолаи устодону кормандон ва донишҷӯён бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷмӯъ аз ҷониби устодони кафедраву факултетҳо дар конфронси мазкур 440 маърӯза ва аз ҷониби донишҷӯён 632 маърӯза шунида шуд.
Донишгоҳ дорои 4 нашрия мебошад, ки бо мазмун ва муҳтавои баланд интишор мегарданд. Маҷаллаи илмӣ-пажӯҳишии «Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ» барои аспирантону унвонҷӯён, маҷаллаи навтаъсиси “Муҳаққиқ» барои хатмкунандагони зинаҳои бакалавриат ва магистратура, маҷаллаи “Навруста” барои тарҷумонҳои ҷавон ва нашрияи «Омӯзгори ҷавон» барои оммаи донишҷӯёну устодон мебошанд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти илмии факултету кафедраҳои донишгоҳ ташкили маҳфилҳои илмии донишҷӯён маҳсуб меёбад. Айни замон дар донишгоҳ 62 маҳфили илмию фаннии донишҷӯён амал мекунад.
Фаъолияти китобхонаи донишгоҳ баҳри баланд бардоштани сатҳи ташвиқи китоб ва иттилоот дар байни устодон ва донишҷӯён ва бо мақсади тайёр намудани кадрҳои баландихтисос раванди таълиму тарбия, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо маводи зарурӣ нақши муҳимро мебозад. Фонди умумии китобхона 406968 адад китобро ташкил медиҳад, ки ба забони тоҷикӣ 112722 нусха, ба забони русӣ 217475 нусха ва ба забонҳои дигар 72491 нусха мебошад.
Китобхона дорои 4 толор аст: толори электронӣ, толори олимон ва аспирантон, толори хониш ва матбуоти даврӣ. Фонди электронии китобхона маводи китобҳои дарсӣ, дастурамалҳо, матбуот ва силлабусҳоро фаро мегирад. Фонди китобхонаи электронӣ зиёда аз 6 ҳазор маводро ташкил медиҳад.
Дар донишгоҳ Парки технологӣ фаъолияти бовусъат дорад. Вобаста ба хусусияти самти илмию таълимии донишгоҳ дар назди Парки технологӣ Маркази курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳо, асосҳои компютер ва курсҳои бухгалтерӣ таъсис гардидааст. Ғайр аз ин, соли гузашта донишгоҳ соҳиби сертификати мутобиқат барои истеҳсоли мебел аз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.
Пойгоҳи Парки технологиро дар Донишгоҳ коргоҳҳо ва озмоишгоҳҳои факултетҳои табиӣ-риёзӣ ташкил менамоянд. Ҳоло дар назди Парки технологӣ сехи коркарди чӯб, нонвойхона ва Маркази забономӯзӣ амал мекунад. Ҳамаи коргоҳҳо дар фаъолият буда, ба мизоҷон дархосташонро мавриди иҷро метавонанд қарор диҳанд.
Донишгоҳ бо сафоратхонаҳои мамолики Эрон, Афғонистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Корея, Олмон, Фаронса, ШМА, Федератсияи Россия, Украина, Туркия, Озорбойҷон, инчунин, бо ташкилотҳои байналхалқии ЮНИСЕФ, ТИКА, ДААД, АССЕSS, IREX, AIESEC, GIZ ҳамкориҳои судманд дорад. Дар донишгоҳ 383 нафар донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамоянд.
Дар тӯли 85 соли фаъолият ин даргоҳи илму маърифатро бештар аз ҳаштод ҳазор мутахассиси варзидаи омӯзгорӣ хатм намуданд, ки алҳол дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва берун аз марзи он дар соҳаҳои гуногуни илму маориф, фарҳанг ва сохторҳои роҳбарикунандаи давлатӣ хизмат карда истодаанд. Дар байни дастпарварон ва кормандони донишгоҳ олимони маъруфу оламшумул, шоиру нависандагони маъруфи халқи тоҷик, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, ки имрӯз халқи тоҷик бо номи онҳо ифтихор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ