«Дело»-и қотилони 17 нафар дар додгоҳ .Роҳбари «идеологӣ» дар Душанбест…

Парванди г»Бандаи ГТА», ки ба куштори дастикам 17 нафар муттаҳам донистам мешавад, ба додгоҳ ирсол шуд.
Додситони куллли Русия парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҳазратхон Додохонов, Холиқ Субҳонов, Анвар Улуғмуродов, Фазлиддин Ҳасанов, Шерозҷон Қодиров, Мирзомавлон Мирзошарипов, Умар Ҳасанов  ва шаҳрвандони Тоҷикистон Абдумуқим Мамадҷонову Зафарҷон Ғуломов ба додгоҳ фиристодааст.
Гуфта мешавад, парвандаи ҷиноӣ алайҳи  Боҳир Ғуломов, раҳбари идеологии гуруҳи «Бандаи ГТА» ва як нафар дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз тарафи мақомоти тоҷик боздошт шудаанд, ба додгоҳ ирсол мешавад.
Мақомоти додгоҳии Русия ин гуруҳи ҷиноиро ба бандитизм, куштор, роҳзанӣ, истеҳсол, ва доштани силоҳи ғайриқонунӣ гумонбар мекунанд.
Раҳбари ба истилоҳ идеологии ин гуруҳ Боҳир Ғуломов моҳи ноябри соли гузашта дар Тоҷикистон аз тарафи мақомоти тоҷик боздошт шуд. Ӯузвияти гуруҳи ифротгарои «Ҳизб-ут-Таҳрир» буда, дар кишварҳои исломӣ таҳсил кардааст ва гуфта мешавад, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз Афғонистон ба Покистон фирор мекунад.

Дар пайванд ба ин қазия додгоҳи ноҳияи Коптевски Маскав  соле қабл Илҳом Исҳоқов, шаҳрванди солхурдаи Тоҷикистонро барои роҳ додани аъзои гурӯҳи «Бандаи БТА» ба 1,5 соли зиндон маҳкум карда буд.

Ёдовар мешавем, ки аъзои гуруҳи «Бандаи ГТА» соли 2014 боздошт шуданд ва мақомоти Русия он вақт гуфт буданд, ки аксари аъзои ин гуруҳ зодагони кишварҳои Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистонанд. Раҳбари ин гуруҳ Рустам Усмонов зимни амлиёти боздошт аз суйи мақомоти интизомии Русия кушта шуд. Мақомот мегӯянд, ҳоло як нафар аъзои ин гуруҳ дар пайгарди қонун қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *