Дигар ба хонаам набиё, оча!

Модарҷони азизам, шояд шумо ин номаи маро хонда сахт меранҷед, вале тавалло мекунам, маро дуруст фаҳмед.

Шавҳарам аз рӯзи аввали зиндагиамон маро таъна карда мегӯяд, ки очаи шаттоҳи ту дар як дам нисфи дунёро оташ мезанад, бигӯ, ки ба хонаи ман набиёяд, чунки ӯро бинам, табъам вайрон мешавад. Аввалҳо ман аз ин гапи шавҳарам сахт меранҷидам ва ҳамеша тарафи шуморо мегирифтам, вале бисёр ба зиндагии оилавии мо дахолат карданатон ҳоли маро торафт бадтар карда истодааст. Очаҷон, барои чӣ дар куҷое, ки бишинед, шавҳари маро ғайбат карда, суханҳои пасту баланд мегӯед. Гумон мекунед, ки домодатонро сагу хар ва падарлаънату беимон гуфтанатон ба гӯши вай намерасад? Одамон гапҳои шуморо нарезондаю начаконда ба шавҳарам мегӯянд. Аз моҷаро ва гапҳои қабеҳ задан ягон кас обрӯ нагирифтааст очаҷон, барои чӣ дар ҳама ҷо бадгӯӣ карда мегардед? Синну солатон ба ҷое расидааст, камтар даҳонатонро ҷамъ кунед ва бо кӣ ҳамсуҳбату бо кӣ ҳамнишин буданатонро андеша намоед.  Модарҷони азизам, медонам, ки газетаи “Оила”-ро ҳар ҳафта мехонед, барои ҳамин маҳз ба ҳамин газета дарди диламро навиштам, то ки шумо онро хонеду ислоҳ шавед. Шавҳарам қасам хӯрдааст, ки агар як бори дигар очаат маро дар ягон ҷо ғайбат кунад, талоқатро медиҳам. Илтимос, бачаҳои маро сағера накунед, оча!

Гулмираи файзободӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *