Исфара -муноқиша бо куштор анҷомид

Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 47-солаи сокини шаҳри Исфараро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.

Номбурда, рӯзи 19-уми июни соли 2018, тахминан соати 18:44-дақиқа, дар дохили бинои ошхонаи “Кулканд”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара бо корди хоҷагии бо худ доштааш якчанд маротиба ба узвҳои бадани марди 45-солаи сокини ҷамоати мазкур задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *