Харобиҳои борони тобистон

Аз рӯи ҳисоби “чорфасл” дирӯз тобистон даромад. Аммо то ҳол боришот ба қисматҳои ҷудогонаи кишвар зарари худро мерасонад.

Дар пайи бориши зиёд дар деҳаи Вешканди ноҳияи Айнӣ сел омада, ба хонаи сокинон зарар расондааст. Ин офати табиӣ рӯзи 21-уми июн роҳи Айнӣ-Панҷакентро низ қисман вайрон  кард.Мирзошо Мирзошоев, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Айнӣ, гуфтааст,ки  “сел ба манзили шаҳрвандон даромада, ба онҳо зарар расондааст.” Сел бо худ аз куҳ санг фароварда, роҳи асосиро бастааст. Аммо  нақлиёт роҳи Душанбе-Чаноқро бо мушкилӣ ҳам бошад,  убур мекунанд.Масъулони идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Айнӣ мегӯянд, талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *