«Дилбоз” оҳанги нави Манижаи Давлат ба бозор баромад

Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Манижаи Давлат хабар дод, ки оҳанги наваш бо номи «Дилбоз” бар пояи матни Орзуи Исоев ва дар иҷрои Меҳринигори Рустамро ба бозор даровардааст.

Манижаи Давлат тавассути саҳифааш дар Фейсбук гуфт, номи ин оҳанги нав – «Дилбоз” – ҳанӯз номи шартист ва шояд иваз шавад.

Манижаи Давлат дар саҳифааш дар Фейсбук оҳанги навашро чунин муаррифӣ кардааст: «Ва инак суруде, ки ҳанӯзам «Дилбоз” ном дораду ба наздикӣ исмаш тағйир меёбад. Бо қалами Орзу Исоев ва оҳанги банда офарида шудааст, ё баракс аввал оҳангу баъд шеър, яъне ҳамон ҳамкориҳои дуҷониба… Ва, албатта, исми танзимгари ин суруд, ки беҳтарин танзимгари ҷумҳурии Узбекистон мебошад, Роберт Мирзоянро низ намешавад нагуфт, чун то ба як натиҷаи дилхоҳ расидан муддатҳо бо ҳам кор кардем, ки бо садои Меҳринигорҷон хеле зебо ҳам суруда шуд. Умедворам, мавриди писандатон қарор мегирад.”

Ин таронаро дар саҳифаи ширкати «Tamoshow” дар Ютуб дар байни ду рӯз алакай беш аз 7 ҳазор нафар гӯш кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *