Ҷанг барои матоъ ва сарпо

Ҷангу ҷанҷол, ҳамдигарро ҳақорату дашном додани ду қудохола тамоми маҳалларо ба пой хезонид. Дар ин миён раиси маҳалла ҳайрон, ки аввал даҳони ҷониби духтарро маҳкам кунад ё ҷониби домодро. Танҳо байни ғулғулаи овозҳо “ҳай занҳо, каме худро ба даст гиред”-и мӯҳтарам раис шунида мешуду халос. Ҳар ду қудоҳо  ҳушу гӯш ба чизу чора, тӯёнаҳо, сарпои арӯсу домод ва  латта-путта ба ҳамдигарӣ додаашон банд буд. Касеро як сари мӯй фикри сари муросо овардани келину хушдоман набуд!

Чаро зану шавҳар нею келину хушдоман будаст мегӯед? О, охир зану шавҳар бисёр сар ба сари ҳамдигар монда якҷо ба сар бурда бошанд ҳамагӣ 5 ё 6 моҳ буд.  Боқимонда се сол аст, ки келин сар ба сари шавҳар не, сар ба сари ҷанҷоли хушдоман  монда зиндагӣ дорад. Аввалҳои оиладорӣ ҳар бор, ки аз ғурбат озурда буданашро ба модараш мегуфт як ҷавоб мешунид бечора келин:

-Мо туро зора накардем, ки  ба фалонӣ зан шав. Худат ӯро ёфтӣ, риштаи тақдиратро тофтӣ, баъди маслиҳата пазондан баъд мо модар-падар шуда хабардор шудем, ки духтараи мо киро хуш кардааст. Акнун чӣ хеле, ки дӯст дошта расидӣ, ана ҳамон хел тоқат карда зиндагӣ кун!

Вале ин хел духтарро сарзаниш кардани модар дер напоид. Рафта-рафта келин дар хона ҳар гапу коре ки шавад, ҳар хӯроке, ки хӯрад, ҳар меҳмоне, ки ояд…ҳамаро нарезонидаву начаконида ба модараш хабаркашонӣ мекардагӣ шуд.

Хулас то дами оилавайронӣ Саодат як гапро шиор карда буд: Дар ин дунё аз висоли дилдодаатро дидан ва  ба ӯ расидан бахти баландтаре  вуҷуд надорад. Аммо ин шиорашро баъди ба дӯстдоштааш расидан дигар кард.  Саодати 21-сола чун пири 77-сола, панду андарз мекардагӣ шуд. Ӯ аз худаш хурдтараконро як насиҳат мекард:-Ошиқ нашавед, ки охираш пушаймон мешавед. Ё дӯст дошта расед ҳар рӯз таънаи хушдоман, ки “нағздидакоя медонию ин корро карда наметонӣ он корро карда наметонӣ”.

Аммо пандаш ба касе кора намекард. Зеро ба гуфти духтаракони хешу ақрабояш “кал аз сари худ бехабар” буд.

Хуласи гап Саодат рӯзона дар кӯчаву пасткӯчаҳо дугонаҳояшро насиҳат мекарду баъди ба хона омадан худаш насиҳати модаршӯяшро бо дили нохоҳам гӯш медод. Ин насиҳатҳо рафта-рафта оҳанги сарзанишу накуҳишро гирифт. Косаи сабри келин, ки лабрез шуда буд  хушдоман “А” гӯяд “Б” мегуфтагӣ шуд. Ё ба ҳар гапу кор аз пода пеш чанг мекарду баъдан пушаймон шуда, ар-ар гиря.  Ба чунин ҳолу аҳвол сабри Саодат расо як моҳи дигар поиду билохир ду пойро дар як мӯза андохта “ман дигар дар ин оила як соат ҳам зиндагӣ намекунам”-гӯиро сар кард.

Худ ба худ аз каллаи саҳар бору буғҷомаҳояшро ғун дошт. “Ман шавҳардори аз беваҳо бадтар” гӯён ҳамсояҳои хоббударо бедор кард. Бо сару калобаи ҷуллу ҷулҳундӣ (шалақу шафтал, кашол) чашмони аз гиря варамида роҳ гирифт сӯи хонаи падар.

Аз дарвозаи падар даромадан замон бо тамоми овоз “Очаҷон, ман дигар  дар он дузах зиндагӣ карда наметавонам, хушдоманам маро пеш аз аҷал мекушад”-гӯён фиқ-фиқ гиря кард. Модари аз духтар “батаҳаммултар”-аш бошад, нархи пиёзро напурсида 7-пушту мурдаву зиндаи тарафи қудоро ҳақораткунон паёпай либосҷудокунӣ омад.

Модари Саодат баробари ба дарвозаи қудояш наздик шудан, ба ҷои даст пойро пеш гирифту дарвозаро бо лагад зада ҷарангоси онро баровард. Ин паём аз ташриф не, балки  ҷанҷол буд. Ду қудо миёнаи ҳавлии васеъ гӯё беҳаққу ҳамсоя бошанд дар баланд баровардани овоз, бисёр гуфтани суханони қабеҳ “сабқат” меварзиданд. Дигар аъзоёни оилаи домод бошанд ҳайрон монда буданд. Намедонистанд, ки аввал даҳони кадомиро маҳкам доранд, то оташи ҷангу ғурбат аланга нагирад.

Ҷангу ҷанҷолро ҳарду қудоҳо аз ҳавлӣ ба хона кашонданд. Дохили хона нисбат ба саҳни ҳавлӣ овози онҳо гӯшхароштар буд. Пӯсткандаи гап ҳамин, ки онҳо ба ҷанги шифоҳӣ қонеъ нагашта ба латтаю шаттазанӣ даромаданд. Якумӣ  курта ва ё руймолро мегирифта ба рӯи дуюмӣ мезад, дуюмӣ бошад плаш ё палтаро гирифта ба рӯи якумӣ. Ин ҳама либосвориҳо либосҳои келин буд, ки қудоҳо ҷудо мекарданд.

Аммо аз ду каллаи калон ба сари ягонтои онҳо фикри сари муросо омадан ва ё ба домод, ки дар Руссия буд занг задан намеомад. Тамоми ҳушу гӯши эшон ба латта, либосвоию ашёи рӯзгору мебелҳо банд буд. “Инаш аз ман, ин матои ман буд, ин либосро ман дода будам…”-гуфтани онҳо ба гӯш мерасиду халос.

                                                                                                                                                 Фарзона Муродӣ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.