Покистон марзаш бо Афғонистонро симхорпеч мекунад

Покистон гуфт, ки хати марз бо Афғонистонро дар маконе, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳамлаҳои фаромарзӣ ташкил карданд, симхорпеч мекунад. Фармондеҳи нирӯҳои Покистон генерал Қамар Ҷовид Баҷво дар изҳороте аз рӯзи 25 март гуфт, ки симхор дар манотиқи фавқулодда хатарнок сохта мешавад. Дар байни ду ҳамсоякишвар, ки маъруф ба хати Дурон аст, хати марзие кашида шудааст, ки 2400 км тӯл дорад. Покистон ин хатро як сарҳади расман эътирофшудаи байналмилалӣ меномад, вале Афғонистон ҳеҷ гоҳ онро расман эътироф накардааст. Наҷиб Дониш, муовини сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон гуфт, ки ҳанӯз мақомоти ин кишвар ҳеҷ гуна амалҳои марбут ба сохтмонро дар марз ба қайд нагирифтаанд, вале мусалламан барои корҳои сохтмонӣ мухолифат хоҳанд кард. Ҳарду кишвар ҳар сари чанд вақт ҳамдигарро дар нодида гирифтани гурӯҳҳои мусаллаҳи шӯришӣ айбдор мекунанд. Таҳаввулоти ахир дар ҳолест, баъди силсилатаркишҳои интиҳорӣ дар марзи ду кишвар, Покистон ба мӯҳлати тахминан як моҳ марзаш бо Афғонистонро баста буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *