“Уралские авиалинии” Иҷборан дар Кӯлоб нишаст

Ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” дар хатсайри Уфа-Хуҷанд шаби гузашта бинобар тумани ғафс натавонист дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд нишинад ва дар фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб фуруд омад.

Муқимҷон Дадохонов, муовини хадамоти истеҳсолотиву тиҷоратии фурудгоҳи Хуҷанд субҳи 28-уми март дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки ҳавопаймои “Аэробус 320”-и хатсайри Уфа-Хуҷанд, ки соатҳои 3-и нимашаби 27 ба 28 уми март ба фарози фурудгоҳи Хуҷанд расид, аз номусоидии обу ҳаво натавонист фуруд ояд ва раҳ сӯи фурудгоҳи Кӯлоб пеш гирифт. Ӯ афзуд: “Туман сахт буд, 150 метр дида намешуд, барои ҳамин ҳавопаймо ба Кӯлоб парид ва дар он фурудгоҳ нишаст. Сипас ба Хуҷанд бозгашта, соати 5-и субҳ ба Уфа парид.”

Масъулони фурудгоҳи Хуҷанд овозаҳо байни сокинон, ки гӯё ҳавопаймои ин хатсайр раҳгум задаву ба фурудгоҳи Кӯлоб нишастаастро, бепоя хонданд. Парвози ин хатсайрро ҳавопаймои «Аэробус 320»—и ширкати “Уралские авиалинии” анҷом дода, ба фурудгоҳи Хуҷанд бо 23 мусофир фуруд омадааст. Дар бозгашт ба шаҳри Уфа, маркази Ҷумҳурии автономии Бошқирдистон, ин ҳавопаймо аз фурудгоҳи Хуҷанд бо 115 мусофир парвоз кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *