Маслиҳати пулгирии муаллима ва сардори гурӯҳ

Муаллима: -Сардор, ба ҳамаи донишҷӯён фаҳмондӣ, ки пагоҳ имтиҳон доранд?
Сардор:-Бале, ба 21-нафаршон ҳафмондам ва соати оғози имтиҳонро, ки доимо аниқ набуд муайян карда хотиррасон намудам.
Муаллима:-Чаро ба 21 кас, охир шумоён дар гурӯҳ 24-нафаред-ку!
Сардор:-Муаллимаҷон, худатон гуфтед, ки худатро ҳисоб накун. Ман, ки ҳисоб набошам ҳамагӣ ду нафари дигар “гап”-ро нафаҳмиду халос.
Муаллима:-Чаро?
Сардор:-Чунки онҳо гуфтанд, ки “мо баҳоро бо каллаи худамон гирифтанӣ. Ба ҳамаи саволҳо чашмонамонро пӯшида ҷавоб медиҳем”.
Муаллима: — Ҳум-м-м, баъдан аз қафои ман ҳамон “каллаи худашон”-ро хам карда, “муаллимаҷон, ягон илоҷаш ҳай-мӣ?”- гуфта нагарданд-да…
                                                                                                                                                           Фарзона Муродӣ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.