Дилноза Каримова -Писараш даргузашт
Чанд лаҳза пеш як назар аз шиносони Дилноза Каримова, овозхони тоҷик ба идораи ҳафтаномаи ОИЛА хабар дод, ки писари ӯ Диёрбек Аминҷонов шаби 31 декабр дар як бемористони шаҳрии Деҳлии Ҳиндустон аз дунё даргузашт. Ҳафтаномаи ОИЛА яке аз нашрияҳои фаъоле, ки дар маъракаи ҷамъоварии маблағ барои табобати Диёрбек талош меварзид ва мардумро ташвиқ мекард. Диёрбек аз бемории саратони хун ранҷ мекашид ва ду ҳафта боз дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии кумак барои табобати фарзанди Дилноза Каримова идома дошт. Вале афсус, ки ин тифлаки бегуноҳи хандонрӯй аз олам даргузашт ва дили наздикон ва ҳазорон мухлисони Дилноза Каримоваро реш кард. Идораи ОИЛА ва Tajikistannims ба ин овозхони шинохта ва наздикони ӯ ҳамдарди изҳор менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ