Диёрбеки Дилноза дар Деҳлӣ вафот кард

Дилноза Каримова, овозхони тоҷик хабар дод, ки писараш Диёрбек Аминҷонов шаби 31 декабр дар як бемористони шаҳрии Деҳлии Ҳиндустон аз дунё чашм пӯшид. Диёрбек аз бемории саратони хун ранҷ мекашид ва ду ҳафта боз дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии кумак барои табобати фарзанди Дилноза Каримова идома дошт. Худованд ҷояшро ҷаннат кунад!

Салом модарон, хохарон,бародарон ва мухлисону хамватанони азизам. Салом ба хамаи онхое ки таи чанд хафта ба гаму дарди ман шарик буданд…. Аз мухаббату лутфу мехрубониву дастгирии хар яки шумо аз замин то осмон миннатдорам…Пеши пои хар яки шумо сар фуруд меорам.. Илохо гаму дарди фарзандро набинед…Ба пои фарзандонатон хоре нахалад…
Аммо ман дигар чизро гуфтан мехохам…. Фарзанди чигарбандам Диёрбек бегохи гузашта санаи 31 –уми декабр соати 20:15 дакика дар яке аз клиникаи шахри Дехлии Хиндустон дар синни 5 солагиву хафтмохаги ин оламро падруд гуфт….. Дили у дигар доруворихои химиявиро бардошт накард………………………… Ба як каф дуои шумо ниёз дорему халос…….Аз бародарам Зайниддин хохиш дорам, ки бо маблагхои барои начоти фарзандам чамъшуда ба ниёзмандони дигаре кумак кунад.
Барои таваччуху мухаббату дастгирихоятон хазорхо ташаккур.. Худованд нигахбонатон бошад…. Фарзандонатонро эхтиёт кунед……….
Бо эхтиром : Дилноза Каримова (Дехли Хиндустон 1.01.2018)

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *