Мусулмонзан даъвои Президенти Русия шудан дорад

Сармуҳаррири маҷалаи «Ислом», зани муфтии Доғистон Аина Ғамзатова даъвои Президенти Русия шудан дорад. Ба ин мақсад ӯ рӯзи душанбе- 1 январ  ба Коммисияи Марказии интихоботии ФР ҳуҷҷат супорид. Ин гуфтаро КМИ ФР тасдиқ намуд. Ин хабар дар сомонаи Комиссия низ нашр шудааст “1 январи соли 2018 Комиссияи Марказии Интихоботии Федератсияи Русия ҳуҷҷатҳои Аина Ғамзатоваро дар доираи муқаррароти пешбарии номзад барои омӯзиш қабул намуд”- омадааст дар хабари ин сомона.

Тавре, ки роҳбари дафтари матбуоти Ғамзатова хабар медиҳад, рӯзи 30 декабри соли 2017 дар Махаҷқалъа ҷаласаи гурӯҳи ташаббускор баргузор гашт, ки дар он 542 нафар иштирок доштанд.

Акнун барои Аина Ғамзатова лозим аст, ки 300 000 имзо ҷамъ оварад Аз ин рақами зикршуда пешбаришаванда бояд ҳар 7,5 ҳазор имзоро аз субъектҳои алоҳидаи ФР, аз ҳисоби сокинони он ҷамъ оварад.

Аина Ғамзатова журналист, нависанда ва аз фаъолони ҷамъиятию динӣ дар ин кишвар аст. Ӯ 1 октябри соли 1971 дар Махачқал таваллуд шудааст, соҳиби ду мактаби олӣ — филолог ва ҳуқуқшинос мебошад. Вай ҳаммуассиси фонди хайрияи «Роҳ», сармуҳаррири маҷалаи «Ислом» ва мушовири муфтии Доғистон мебошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *