Дилноза Раҳимӣ: Мехоҳам дӯст доштаву оиладор шавам
Ҳунарпешаи боистеъдод, актрисаи ҷавони театр ва синамо Дилноза Раҳимӣ хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аст. Ӯ ҳамаи муваффақиятҳои худро самараи роҳнамоии устодонаш Нозим Меликов, Қурбони Собир ва Сорои Собир медонад.
Бо вуҷуди кор дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Дилноза дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол аст.
“Кори театр бароям дар ҷои аввал меистад, блогерӣ бошад, аз рӯйи завқ аст. Ман ҳунармандам, на блогер, вале барои васеъ кардани аудиторияи худ ва расидан ба зиндагии беҳтар маҷбурам дар “видеоролик”-ҳо нақш бозам”,- мегӯяд Дилноза.
Маълум аст, ки барои як ҷавондухтари тоҷик тай кардани ҷодаи ҳунар бисёр душвор аст. Зеро ба ин пеша назари мардум мухталиф мебошад. Вале Дилноза алорағми назарҳои мардум тавонист аз Панҷакент ба Душанбе ояд ва ба риштаи актёрӣ ҳуҷҷат супорад. Мегӯяд, ки гарчанде модараш зидди интихобаш буд, вале падар ҳамеша ӯро дастгирӣ мекард.
“Мо дар оила се фарзанд ҳастем. Бародару хоҳар дорам. Худам фарзанди хурдии хона ҳастам. Вақте тасмими ҳунарманд шуданро ба аҳли хона гуфтам, падарам ризоят доданд, вале модарам мегуфтанд, ки бисёр мехоҳанд маро дар хилъати сафеди духтурӣ бубинанд. Ман ки аз хурдӣ ба санъат шавқ доштам, интихобамро тағйир надодам”,- мегӯяд Дилноза.
Дилноза Раҳимӣ мегӯяд, ки гоҳо аз муносибати ҷомеа ба касби актёрӣ озурда мешавад, зеро назари мардум ба ҳунарманд на ҳамеша нек аст. Мегӯяд, ки намехоҳад ба гапи мардум аҳамият диҳад, вале гоҳо сухани онҳо ба ӯ зарбаи сахте мешавад.
“Падарам орзу доштанд, ки ба шавҳар бароям ва маро дар либоси арӯсӣ бинанд, вале умр вафо накарду эшонро аз даст додам. Сухани мардум, ки гӯё пир шудааму вақти оиладоршавиам гузашта истодааст, маро озурда сохтааст. Мехоҳам ҳамсари ояндаамро на барои сухани мардум, балки дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббат интихоб намоям”,- мегӯяд Дилноза.
Дилноза то ба имрӯз дар намоишномаҳои зиёди театрӣ нақшофарӣ кардаву аз сарнавишти занони тоҷик гуфтааст. Ҳунар барояш ифтихор аст ва бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо аз пешаи худ мефахрад ва театрашро дӯст медорад.
Дилноза мегӯяд, ки аз хурдӣ орзуи овозхон шуданро доштааст, вале ҳангоми ширкат дар “Овози тиллоӣ” муваффақ нашуд. Ин натавонист боиси дилсардии ӯ шавад ва аз ҳунар даст кашад, балки дар деҳа навохтани дуторро омӯхт ва билохира ба саҳна баромад.
Имрӯз Дилноза Раҳимӣ дар баробари театр дар филмҳо ва видеоҳои хурди тарбиявӣ нақш мебозад ва миёни мухлисон маҳбубият пайдо мекунад. Бештари вақтҳо Дилнозаро барои иҷрои нақши маъшуқа даъват мекунанд. Дар ин маврид аз ӯ суол кардем.
“Табиист, ки маро наметавонанд барои иҷрои нақши модар даъват кунанд, зеро синну солам иҷозат намедиҳад. Бинобар ин, маро бештар барои иҷрои нақшҳои ҳамсар, келин ва маъшуқа даъват мекунанд. Бештари нақшҳои ман ба зиндагии худам, яъне як духтари танҳо шабоҳат дорад”,- мегӯяд ӯ.
Дилноза Раҳимӣ имрӯз бо ормонҳои бузург ва қадамҳои устувор дар ҷодаи ҳунар гом мезанад. Мо барои фатҳи қуллаҳои баланди эҷодӣ ба ӯ барор мехоҳем.
Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ