Муҳоҷирон дар ноҳияи Носири Хусрав пул сохтанд

Дар ноҳияи Носири Хусрав сохтмони як пул бо дарозии 16 метр, ки бо пуштибонии молии тоҷикони Русия бунёд мешавад, дар остонаи анҷом аст.

Тавре аз бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Носири Хусрав хабар доданд, ин пули худравгузар бо маблағи 80 ҳазор сомонӣ дар рӯзҳои наздик ба баҳрабардорӣ мерасад.

Гуфта мешавад, ки пас аз ин боз 3 километр роҳи як деҳаи ин ниҳоя аз ҳисоби тоҷикони бурунмарзӣ мумфарш мегардад.

Ин бори аввал нест, ки бо ташаббуси муҳоҷирон дар Тоҷикистон роҳу пул ва иншооти гуногун бунёд мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *