Директори Агентии мубориза бо коррупсия бо ду мақомдори Белорус вохӯрд
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо сафари корӣ дар шаҳри Мински Белорус қарор дошт.
Дар он ҷо номбурда бо раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии (КСОНР) давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Игор Маршалов ва Прокурори генералии Белорус Андрей Швед мулоқот кард.
Зимни вохӯрӣ бо Игор Маршалов ҳолати иҷрои қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтиши молиявии давлатҳои узви ИДМ, дигар масоили вобаста ба коррупсия ва мубориза бо ин падидаи номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аснои вохӯрӣ бо Андрей Швед ҳайати расмии Агентӣ рафти иҷрои муқаррароти “Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Белорус дар самти муқовимат ба коррупсия”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
“Ҷонибҳо дар доираи Созишномаи болозикр ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятии коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, инчунин расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ диққати махсус зоҳир карданд”,- омадааст дар хабари Агентӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ