Президенти БОР ба “Аҷинатеппа” мароқ зоҳир кард

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асакава ва ҳайати ҳамроҳонашро ба тамошои мавзеи таърихии «Аҷинатеппа», воқеъ дар ноҳияи Вахш бурдааст.

Бино ӣа иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, «Аҷинатеппа» боқимондаи ёдгории меъмории дини буддоӣ буда, мувофиқи таҳқиқи бостоншиносон, бутхона дар нимаи дуюми асри VII ва ибтидои асри VIII фаъолият дошт.

— Номи асосии ин ёдгорӣ аслан “Аҷинатеппа” нест. Ин унвон солҳои 40-уми асри ХХ пайдо шудааст. Вақте ки дар натиҷаи боронҳо як ҷойи теппа фурӯ рафта, сӯрохе ба вуҷуд омадааст, нафаре аз маҳаллиён вориди сӯрох шуда, бути якпаҳлу хобидаеро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд сокинони маҳаллӣ онро макони ҷинҳо (махлуқи бадшаклу бадкирдори афсонавӣ) пиндошта, “Аҷинатеппа” номгузорӣ кардаанд. “Аҷинатеппа”-ро дар ноҳияи Вахш (13 км дуртар аз шахри Бохтар)-и вилояти Хатлон соли 1959 бостоншинос Т. И. Зеймал ҳафр кардааст. Дар ин мавзеъ муҷассамаи 14-метраи якпаҳлухобидаи Буддо дар ҳолати нирвана ва дар тоқчаҳо муҷассамаҳои хурди буддои нишаста ёфт шудаанд. Муҷассамаҳоро аз гил сохта, рангубор додаанд. Тасвироти “Аҷинатеппа” дар асоси анъанаҳои наққошии ҳамонзамонаи Осиёи Миёна иҷро шудаанд. “Аҷинатеппа” нахустин ёдгории буддоӣ дар Осиёи Миёна аст, ки пурра таҳқиқ шудааст,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки президенти Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Масатсугу Асакава ҷиҳати таъмир ва ба як базаи сайёҳӣ табдил додани ин макон мароқ зоҳир намуда, иброз доштааст, ки метавон дар натиҷаи корбурди хуб лоиҳаҳоро дар ин самт низ татбиқ намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *