ғарқшавӣ

Ду нафар дар Сирдарёву НБО “Сангтӯда” ғарқ шудаанд

Дар ҳудуди кишвар ду ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора КҲФ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои бадастомада, рӯзи 12-уми июн як сокини 41-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар Сирдарё ғарқ шудааст.

Ҳамчунин, дар ин рӯз сокини 34-солаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар обанбори НОБ “Сангтӯда” ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ки наҷотдиҳандагони кумитаи мазкур бо ҳамроҳии аҳолии минтақа ҷасади ғарқшудагонро пайдо карда, ба хешовандонашон супурдаанд.

Сабаби ҳодисаҳо риоя накардани қоидаҳои оббозӣ арзёбӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *