Мулоқоти Ибодуллозода бо ректори Донишгоҳи техникии Панҷоби Ҳиндустон

Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо доктор КНС Канг, ректори Донишгоҳи техникии Панҷоби Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои ДДОТ, зимни мулоқот КНС Канг, ректори Донишгоҳи техникии Панҷоби Ҷумҳурии Ҳиндустонро кормандони шуъбаи равобити ин донишгоҳ, аз ҷумла Ҳасан Хан ва Ҳувназ Хан ҳамроҳӣ намудаанд.

А. Ибодуллозода аз ташрифовардагон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштааст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамкорӣ дар самти корҳои илмӣ-таълимиро, ки ба рушди илми донишгоҳ мусоидат менамояд, ҳамеша ҷонибдорӣ хоҳад кард.

— Маврид ба зикр аст, ки намояндагони Донишгоҳи техникии Панҷоби Ҳиндустон аз синфхонаҳои дӯзандагӣ, устохонаи коркарди чӯбу тахта, синфхонаи технологияи мошиншиносӣ ва дуредгариву кандакорӣ, қолинбофиву атласдӯзии факултети технология ва лабораторияҳои таҳқиқотиву осорхонаҳои биологиву зоологии факултети биология дидан намуда, аз вазъияти кунунии озмоишгоҳҳо ва лабораторияҳои донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Ҳамзамон, ҷонибҳо баҳри бастани шартномаи ҳамкорӣ ба тавофуқ расида, дар бораи таҳсили донишҷӯёни ихтисосҳои технологияи информатсионӣ, саёҳат ва меҳмондорӣ, таҷрибаомӯзии омӯзгорону донишҷӯён табодули назар намуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *