Ду сокини Деваштичро дар Дарвоз барқ зада кушт

Дар ҳудуди деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз рӯйдоди нохуше рух дод. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки як ронандаи 43-солаи мошини боркаши тамғаи «DAF», ки сокини деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) будааст, дар ҳудуди деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз ҳангоми боз кардани дари ақиби бордони мошин ба ноқили барқӣ бархӯрда, бар асари зарбаи қувваи барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ меафзояд, ки баробари мушоҳидаи ин ҳодиса ронандаи дигари ин мошини боркаш, сокини 26-солаи ҳамин ноҳия ба кумаки ӯ шитофта, вале ӯ низ аз таъсири қувваи барқ ҳалок шудааст.

Бояд зикр кард, ки ҳарду марҳум зодагони деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич будаанд. Аввалӣ соҳиби 4 фарзанд ва дуюмӣ оиладор буда, вале фарзанд надоштааст. Ҳарду аз як авлод, тағову ҷиян будаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *