Килиан Мбаппе

“ПСЖ”: Мбаппе фурӯхта мешавад

Бино ба иттилои “The Telegraph”, клуби “Париж” ҳамлагари 24-соларо ба фурӯш гузоштааст.

Ба иттилои манбаъ, Мбаппе рӯзи душанбе расман ба “ПСЖ” хабар додааст, ки имкони тамдиди шартнома бо дастаро то соли 2025 фаъол карданӣ нест.

Шартномаи Мбаппе бо “ПСЖ” то соли 2024 баста шудааст ва имкон дорад онро то як мавсими дигар тамдид кунад. Ҳамин тариқ, соли оянда ҳамлагар метавонад ҳамчун агенти озод клубро тарк кунад.

Роҳбарияти “ПСЖ” имкони фурӯши ӯро дар тобистони имсол баррасӣ кард. Қайд карда мешавад, ки клуби “Париж” ба ҳамлагар “ултиматум” мемонад — ё ӯ шартномаро тамдид мекунад, ё то баста шудани равзанаи “трансферӣ” фурӯхта мешавад.

Дар охири моҳи май Мбаппе пас аз супоридани ҷоиза барои беҳтарин бозигари чемпионати Фаронса эълон кард, ки дар мавсими оянда бозӣ дар тими “ПСЖ”-ро идома медиҳад. Ӯ барои чаҳорумин бор пайиҳам беҳтарин бозигари Лигаи 1 дониста шудааст (2019, 2021, 2022, 2023 — ҷоиза дар соли 2020).

Мбаппе соли 2017 ба “ПСЖ” пайваст. Дар ҳайати парижиён ҳамлагар қаҳрамони панҷкаратаи Фаронса шуд, се маротиба Ҷоми Фаронсаро ба даст овард. Якҷоя бо мунтахаби Фаронса ӯ дар соли 2018 қаҳрамони ҷаҳон ва соли 2022 “витсе-чемпион” шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *