Мастчоҳ: Марги ду пиронсол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ

Рӯзи 11-уми июн дар ноҳияи Мастчоҳ ду садамаи нақлиётӣ, ки дар пайи онҳо ду марди солхӯрда ба ҳалокат расидаанд, ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти ВКД гузориш дод.

Тибқи хабар, шоми 11-уми июн ронандаи мошини «Опел-Зафира» Комил Сафаров, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Мастчоҳ, дар роҳи мошингарди «Хуҷанд-Фотеҳобод», дар ҳудуди шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ мошинашро идора карда натавониста, ба скутери таҳти идораи Шоҳусейн Шарипов, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин садама Ш. Шарипов аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона мемирад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки боз ҳам шоми ҳамин рӯз Мақсуд Мискинов ном ронандаи мошини «ДЭУ Дамас», соли таваллудаш 1986, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми дар роҳи мошингарди деҳоти Оббурдони ҳамин ноҳия ҳаракат кардан, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон Абдуқодир Боқиев, соли таваллудаш 1957, сокини ноҳияи мазкурро, ки роҳро убур мекард, пахш намудааст.

Тибқи хабари бадастомада, дучархарон А. Боқиев бар асари ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *