Аҳмадзода аз ду корхонаи саноатӣ дар Гулистон дидан кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ду корхонаи саноатӣ дар шаҳри Гулистон, яке «Апрелёвка» ва дигаре “Зари тоҷик” боздид кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки ҳангоми бо кори корхонаи «Апрелёвка»   шинос шудан маълумот дода шуд, ки барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот нақшаҳо тарҳрезӣ шудаанд.

Бояд гуфт, ки корхонаи муштараки «Апрелёвка» дуюмин корхонаи калонтарини шаҳри Гулистон буда, дар 5 моҳи соли равон ба маблағи 81,8 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст.

Сипас раиси вилоят дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон бо фаъолияти корхонаи хурди заргарии “Зари тоҷик” шинос шуд. Ин коргоҳ аз соли 2012 инҷониб фаъолият дошта, дар он​ истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ ба роҳ монда шудааст. Зимни муаррифии маҳсулот гуфта шудааст, ки минбаъд бо тарҳрезии нав ва мутобиқ ба талаботи бозор маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Роҳбари вилоят дастур додааст, ки дар оянда армуғонҳои миллӣ низ омода шуда, мутахассисони ҷавон ҳам ба кор ҷалб карда шаванд.

Мавриди зикр аст, ки дар корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон давоми панҷ моҳи соли равон ба маблағи беш аз 1 млрд 717 млн 304 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, корхонаҳо​ бо 16 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *