Ду бохт ва як мусовии Тоҷикистон дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023 ширкат мекунад, дар ду бозӣ шикаст хўрд ва як вохўриро бо натиҷаи мусовӣ анҷом дод.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар бозии аввалини худ аз дастаи Либиё бо натиҷаи 1:2 мағлуб шуд. Дар бозии дуюм Арабистони Саудӣ ба дарвозаи Тоҷикистон 8 голи беҷавоб зад. Шогирдони Воҳидов бозии ниҳоии худро дар Ҷоми миллатҳои Араб-2023 бо Алҷазоир бо ҳисоби мусовӣ (2:2) анҷом доданд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон голҳоро Идрис Ёров ва Муҳаммаҷон Шарифов заданд.

Дар бозии дигари гурўҳ дастаи мунтахаби Либиё бар Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 5:3 пирўз шуд. Ҳамин тавр дастаи мунтахаби Либиё бо шаш имтиёз дар гурӯҳи «А» якум шуд. Алҷазоир бо 5 имтиёз дар зинаи дуюм ҷой гирифт. Арабистони Саудӣ бо чор имтиёз мавқеи сеюм ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо як имтиёз мавқеи охиринро ишғол кард. Ҳамин тавр, Ҷоми миллатҳои Араб-2023 барои дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон хотима ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *