Директори ТУТ аз таҳдиди пандемияи нав хабар дод

Директори генералии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейюс дар маҷлиси солонаи ТУТ дар Женева аз таҳдиди пандемияи нав, ки аз COVID хеле хатарноктар аст, хабар дод. Дар ин бора РИА “Новости” менависад.

«Таҳдиди пайдоиши як варианти дигар (COVID), ки метавонад ба хурӯҷи нави беморӣ ва марг оварда расонад, вуҷуд дорад. Ҳамчунин таҳдиди пайдоиши як патогени нав бо тавоноии аз ин ҳам марговар боқӣ мондааст»,- гуфт роҳбари ТУТ.

Гебрейюс аз тамоми ҷаҳон даъват кард, ки дар оянда барои посухи дастаҷамъӣ ба ин таҳдид омода бошанд.

Қаблан рӯзи 5-уми май роҳбари ТУТ эълон кард, ки ҳолати фавқулодаи ҷаҳонии тандурустӣ, ки бар асари паҳншавии вируси COVID-19 ба вуҷуд омадааст, хотима ёфт.

Вай гуфт, ки ҳадди ақал 20 миллион нафар дар саросари ҷаҳон бар асари коронавирус фавтидаанд.

Дар Тоҷикистон, тибқи маълумоти расмӣ, дар давраи пандемия 17 388 ҳолати гирифторӣ ба коронавируси “Ковид-19” ба қайд гирифта шудааст. Охирин ҳолати сироятёбӣ моҳи феврали соли 2022 ба қайд гирифта шуда буд.

Теъдоди умумии фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон, бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, 124 нафарро ташкил додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *