Ошкор гардидани ду мавриди қаллобии махсусан калон

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ифшо шудани ду мавриди ҷинояти қаллобии махсусан калон иттилоъ медиҳад.

Чунончи, хабар медиҳад манбаъ, 5-уми ноябри 2022 шаҳрванд Расгелдиев А. Р. тариқи телефонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо рекламаи бардурӯғ аз номи ширкати “Газпром”-и Русия барои ба даст овардани 10 то 20% фоида тариқи харидории саҳмия ва иштирок дар биржаи ҷаҳонӣ шинос шудааст. Номбурда ба ин рекламаи бардурӯғи қаллобон бовар карда, бо мақсади гирифтани фоидаи муфт тибқи шартҳои пешниҳоднамудаи шахсони номаълум ба тариқи маҷозӣ, ба воситаи “Телеграм”, аз ноябри 2022 то январи 2023 дар маҷмуъ 868500 сомониро ба ҳамёни бонкии “Душанбе Сити”, ки ба рақами +992771112524 пайваст буда, ба номи шаҳрванди Украина Людмила Прокопенко ба қайд гирифта шудааст, интиқол додааст. Дар натиҷа, шаҳрванд Расгелдиев А. Р. ба доми қаллобон афтода, ба миқдори махсусан калон зарарӣ моддӣ дидааст.

Инчунин, бино ба маълумоти дарёфтшуда, дар натиҷаи санҷиши прокурорӣ ва маълумоти бонкӣ маълум гардидааст, ки танҳо дар давраи зикршуда ба суратҳисоби бонкии мазкур зиёда аз 5,2 млн сомонӣ маблағи калон гузаронида шуда, дар гардиш қарор доштаанд.

“Ҳамзамон, бо мақсади пешгирии қаллобӣ, дар асоси амри прокурорӣ истифодабарии симкорти болозикр, ки ба номи шаҳрванди Украина Прокопенко Л. ба қайд гирифта шуда, ба рақами он дар бонки “Душанбе Сити” ҳамён ва суратҳисоб кушода шудааст, фавран қатъ карда шуд”,- омадааст дар хабар.

Ҳамчунин гузориш дода шудааст, ки 9-уми феврали соли 2023 ба телефони шаҳрванд Собиров Ф. С. шахси номаълум занг зада, худро ҳамчун намояндаи ширкати “Газпром”-и Федератсияи Русия Виктор Абрамов муаррифӣ мекунад ва таклиф мекунад, ки барои ба даст овардани даромади муфт дар барномаи махсуси ширкати номбурда ба номи “Trading Platform” дар Интернет маълумотҳои шахсияшро ба қайд гирифта, ҳамаи шартҳои пешниҳоднамудаи барномаи мазкурро иҷро намояд.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд Собиров Ф. С. ба ин ваъдаҳои бардурӯғ бовар карда, бо мақсади гирифтани фоидаи муфт худро дар барномаи болозикр ба қайд гирифта, тибқи шартҳои пешниҳодгардида маълумотҳои шиносномавӣ, почтаи электронӣ ва рақами телефонашро ба қайд гузошта, бо маслиҳати шахсони номаълум, ки гӯё корманди ширкати номбурда мебошанд, аз 16 то 30-юми марти соли 2023 ба суратҳисобҳои пешниҳоднамудаи қаллобон дар бонки “Душанбе Сити” маблағи 89700 сомониро ирсол кардааст.

“Шахсони номаълум, ки бо роҳи қаллобӣ маълумотҳои шахсии Собиров Ф. С.-ро ба даст овардаанд, бидуни огоҳии ӯ ба номаш дар платформаи сармоягузории “Бинанс” дар Интернет аккаунт кушода, бо роҳи қаллобӣ маблағи аз ӯ гирифташударо барои харидории криптавалютаҳо истифода бурда, ба номбурда ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидаанд”,- навишта шудааст дар гузориш.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *