Донаи каду қувваи мардиро зиёд мекунад?

Ду сол боз ба бемории простатит гирифтор ҳастам, вале дардамро ба касе намегӯям. Танҳо ҳамсарам ва як ҷӯраи ҷониам простатит шуданамро медонанду халос.

Қувваи мардиам торафт суст шуда истодааст, вале азбаски ман одами шинохта ҳастам, шарм медорам, ки ба духтур муроҷиат намоям. Шунидам, ки ин бемориро бо усулҳои халқӣ ҳам табобат карда мешудааст. Шумо ҳамчун табиби халқӣ ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Мегӯянд, ки донаи каду қувваи мардиро зиёд мекунад. Ин гап асос дорад ё бофтаи кампирҳост?

З., хонандаи «Тоҷикистон»

Посух

Сустшавии қувваи мардӣ танҳо дарди шумо набуда, дарди аксари мардони дунёи муосир аст, барои ҳамин шарм надошта, ба назди духтур равед ва ташхис намуда, зудтар аз пайи табобати худ шавед. Барои табобати бемориҳои мардона, аз ҷумла ғадуди простата одатан чор намуд дорувориҳоро истифода мебаранд.

1. Дорувории зиддибактериявӣ

2. Дорувори зиддиилтиҳобӣ

3. Доруҳое, ки ҷисмро қувват мебахшанд

4. Доруҳои оромкунандаи асаб.

Ин мавзӯъ бисёр доманадор буда, шарҳи муфассалро металабад, вале саҳифаи газета чунин имконро надорад. Аз ҳамин сабаб ман ба шумо тавсия медиҳам, ки ба духтури уролог муроҷиат кунед ё бо натиҷаи ташхисатон ба назди банда биёед, то ҳолати шуморо дақиқтар фаҳмида, ягон чора андешем.

Дар мавриди донаи каду бошад, ҳаминро мегӯям, ки ин гап бофтаи кампиракон набуда, аз таҷрибаи рӯзгор аст. Донаи каду дар ҳақиқат фоидабахш аст. Мардоне, ки қувваи мардиашон суст шудааст, давоми як моҳ ҳар рӯз 2 маротиба 30 донагӣ донаи кадуро нӯши ҷон созанд, натиҷаашро эҳсос хоҳанд кард. Фаромӯш накунед, ки сафедаҳо дар афзоиши қувваи мардӣ нақши муҳимро мебозанд. Бештар ғизоҳои аз сафеда бойро истеъмол намоед. Ман ҳамчун табиби халқӣ ба шумо боз як тавсияи муфид медиҳам.

Нусха

Ҳар саҳар ним кала сирпиёз (чеснок)-ро майда карда, бо ним литр шир омехта намоед ва муддати 10 дақиқа ҷӯшонед, сипас ширро аз болои оташ гирифта, ба он 1-2 дона тухм, 2-3 қошуқ гандуми нешзада, каме чормағз ё писта ва 1 қошуқ асал илова намуда, нӯши ҷон созед. Ин наҳории муфид ҷисми шуморо бо сафеда ва витамину микроэлементҳо таъмин намуда, қувваи мардиатонро афзун месозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *