Донишҷӯёни ДТТ ба номи академик Осимӣ дар Чин соҳиби медали нуқра шуданд

Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар Конгресси ҷаҳонии рушди таҳсилоти касбӣ-техникӣ (WCITE), ки дар шаҳри Тянҷини Чин баргузор шуд, иштирок ва соҳиби медали нуқра гардиданд. 

“Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон тибқи барномаи таълимии муштараки 2+2 дар доираи амалисозии фаъолияти Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин — коргоҳи Лубан, ки дар он таҳсил доранд, бо роҳбарии устодони Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷин соҳиби медали нуқра шуданд. Озмуни маҳорату малакаи касбӣ дар 32 минтақаи Чин бо баргузор намудани ҳамоишҳои намоишӣ бо иштироки ҳайати дастаҳои намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва коллеҷҳои касбӣ-техникии 74 давлати ҷаҳон баргузор гардид”, -иттилоъ аз донишгоҳ ба Pressa.tj.

Гуфта мешавад, ки донишҷӯёни тоҷик ба ин озмун дар самти «Гузаронидани лӯлаҳои газ дар муҳити шаҳрӣ ва ошкор кардани ихроҷ — Urban Gas Pipeline Detection» лоиҳа пешниҳод намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image