Донишгоҳи Данғара соҳиби сертификати байналмилалӣ шуд

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Хайрзода Шукрулло  зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки донишгоҳ соҳиби сертификати байналмиллалӣ гардидааст.

Зикр гардид, ки феълан дар донишгоҳ ба 8413 нафар донишҷуён аз рӯи 49 ихтисос  4 нафар докторони илм, 63 нафар номзадҳои илм, 188 нафар муаллими калону асистентон таълиму тарбия медиҳанд. Гуфта шуд, ки имсол донишгоҳро 1649 нафар хатм кардаанд.

Муассисаи мазкур манбаъҳои даромадҳои иловагиаш аз ҳисоби шартномаҳои донишҷуён, грантҳо ва фаъолияти пурсамари парки тахнологӣ мебошанд. Ин манбаҳо имконият фароҳам меорад, ки ҳар сол маоши устодон боло бурда, ҳавасмандгардонии рисолаҳои докторӣ, номзадӣ зиёд карда шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *