Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-махзани илму маърифат
Мусоҳибаи «Тоҷикистон» бо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ
-Муҳтарам Муҳаммадюсуф Имомзода, суҳбати мо дар арафаи қабули довталабон ба муассисаҳои олии Тоҷикистон баргузор мегардад. Қаблан мехостам аз муҳимтарин дастовардҳои таълимию илмии омӯзгорону донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат сухан мекардед.
-Воқеан ҳам, ин боргоҳи илму маърифат мусовиан бо тайёр намудани мутахассисони баркамоли шоистаи замон барои бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, ҳамчунин дар рушду такомули илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа саҳми арзанда мегузорад.
Муҳимтарин дастоварди раёсати донишгоҳ ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва гузариш ба низоми бисёрзинагии таҳсилот буда, дар ин замина таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои низоми мазкур мебошад. Ба фазои ягонаи таҳсилот ворид гардидан ин гузариши пурраи ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ ба низоми таҳсилоти кредитӣ ва дар баробари зинаи таҳсилоти бакалавр гузариши ихтисосҳои магистратура ва шакли таҳсили ғоибона ба ин низом мебошад. Дар ин раванд раёсати донишгоҳ нақшаҳои таълимиро барои зинаҳои мазкур тибқи талаботи насли нави Стандартҳои давлатии таҳсилот таҳия ва мавриди истифода қарор дод.
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳукумати электронӣ дар донишгоҳ корҳои зиёде анҷом дода шуд, ки муҳимтарини он гузаштан ба журнали электронӣ ва тавассути технологияи иттилоотӣ баҳогузорӣ ба фаъолияти ҳаррӯзаи донишҷӯён дар журнали электронӣ аз ҷониби омӯзгорон мебошад. Ҳамчунин, таъсиси марказҳои тестии назди факултетҳо аз дастоварди дигари донишгоҳ маҳсуб меёбад.
Дар озмуни рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2016 баргузор гардид, донишгоҳ дар байни 31 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо гирифтани 599,3 хол сазовори ҷойи 1-ум гашт. Соли сипаригашта аз ҷониби нашрияи “Тоҷикистон” озмуни донишгоҳи беҳтарин эълон гардида буд ва Донишгоҳи миллӣ аз рӯи номинатсияи универсалӣ ҷойи аввалро ишғол намуд.
-Оё дастовардҳои кормандон, омӯзгорон, донишҷӯён дар соли сипаригардида қонеъкунанда буданд ва то куҷо нақшаҳо амалӣ гардиданд?
-Дар боло аз дастовардҳои таълимии омӯзгорони донишгоҳ ёдовар шудем, мехостам аз дастоварди илмӣ ёдрас шавам. Танҳо соли сипаригашта дар донишгоҳ 78 нафар рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро (12 рисолаи докторӣ ва 66 рисолаи номзадӣ) дифоъ намуданд.
Дар олимпиадае, ки барои дарёфти Ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи 12 равияи илмӣ баргузор гардид, дастаи олимпии донишгоҳ бо ишғол намудани нуҳ ҷойи якум, се ҷойи сеюм ғолиби мутлақ эътироф шуд ва ҳамчунин чор нафар донишҷӯ ғайриозмунӣ аз фанни математика ширкат варзида, сазовори диплому ҷойи аввал ва ғолиби олимпиада гардиданд.
Дар соли сипаригашта аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 105 китоби дарсӣ, 96 монография (аз ин 5 монография дар хориҷи кишвар), 187 воситаи таълимӣ, 122 дастури методӣ, 3196 мақола, 945 фишурда-дар маҷмӯъ 4651 маводи илмӣ нашр ва 113 конференсияи илмии дараҷаҳои гуногун гузаронида шуд, ки дар онҳо 4201 маърӯзаҳо қироат намуданд, ки аз онҳо 425-то дар конференсияҳои байналмилалӣ, 1089-то дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва 920-то дар конференсияҳои дохилидонишгоҳӣ мебошад. Миқдори маърӯзаҳои донишҷӯён бошад, ба 1645 баробар буд.
—Дар соли нави таҳсил барои беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим чӣ корҳо ба нақша гирифта шудаанд?
—Сифати таълим дар донишгоҳ аз натиҷаи сессияҳои имтиҳонӣ муайян шуда, ҳамчунин тавассути баргузории мониторингҳои сифат низ муқаррар карда мешавад. Новобаста аз таҳлилҳои донишгоҳ соли сипаригашта аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф санҷиши сифати таҳсилот гузаронида шуд ва сатҳи донишазбаркунӣ 70 % -ро ташкил дод, ки ин нисбат ба санчиши қаблӣ (66,3) 3,7 % баланд буда, аз сол то сол беҳтар шудани сатҳи сифати таҳсилот дар донишгоҳ гувоҳӣ медиҳад. Комиссияи мазкур сифати таълимро дар литсейи донишгоҳ низ санҷида, онро 76,4 % муайян намуд.
-Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби довталабони лаёқатманд аз ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тадбирҳо меандешад?
—Пеш аз ҳама, раёсати донишгоҳ бо мақсади иҷрои дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ, муаррифии донишгоҳ, фаҳмонидани тартиби қабули имтиҳонҳо тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби равияву ихтисосҳо ва ҷалби довталабони лаёқатманду хушсалиқа аз ноҳияҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони раёсати донишгоҳро тайи се сол боз ба сафари хизматӣ мефиристад. Кормандони мазкур вазифадор карда мешаванд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вобасташуда бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, ҷиҳати ҷалби довталабони лаёқатманду хушсалиқа ба донишгоҳ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ мебаранд. Ҳамчунин, раёсати донишгоҳ бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани муаррифии донишгоҳ аз ҷониби омӯзгорон ва кормандони сафарбаршуда, маълумотнома-муаррифиномаи донишгоҳро (буклет) таҳия намуда, овезаҳои муррификунандаи (беннер) донишгоҳро ба ҳама нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Ҳамасола бо мақсади ҷалби довталабон рӯзи дарҳои кушод ташкил карда мешавад. Васоити ахбори омма бахусус рӯзномаҳо низ дар тарғибу ташвиқи донишгоҳ ва интихоби ихтисосҳо саҳми арзишманд доранд.
-Соли ҷорӣ тибқи нақша ба донишгоҳ чанд нафар донишҷӯ қабул карда мешавад? Зимнан, аз ин ҳисоб ба гурӯҳҳои буҷавӣ чанд нафар аст?
-Тибқи нақшаи тасдиқнамудани Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол қабули 3759 нафар донишҷӯ бе шумули квотаҳо ба нақша гирифта шудааст, ки аз онҳо 3104 нафарро донишҷӯёни шуъбаи рӯзона ва 655 нафарро донишҷӯёни шакли таҳсили ғоибона (фосилавӣ) ташкил медиҳад. Қабули 1193 нафар донишҷӯ ба таври буҷавӣ ва 2566 нафар донишҷӯ ба таври шартномавӣ ба нақша гирифта шудааст.
-Шумораи қабули довталабон тавассути квотаҳои президентӣ чӣ қадар аст?
-Шумораи квотаи президентӣ ҳамасола аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон вобаста ба талаботи иқтисодиёти ноҳияҳо муқаррар карда мешавад.
-Майли донишҷӯён ба кадом ихтисосҳо бештар аст ва шумо ҳамчун роҳбари чунин муассисаи бонуфуз ба довталабони имсола оиди интихоби касбу равия чӣ пешниҳод доред?
-Чуноне ки аз таҷрибаи солҳои қаблӣ дидем, майли довталабон ҳоло ҳам ба ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, равия ва ихтисосҳои иқтисодӣ ва тиббию фарматсевтӣ равона шудааст. Дар ҳоле ки ҷумҳурӣ ва талаботи иқтисоди миллӣ ба ихтисосҳои равияи табиию риёзӣ эҳтиёҷи бештар дорад. Хуб мебуд, ки дар интихоби касб корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои наврасон ҷоннок карда мешуд. Ҳамчунин, ҳангоми интихоби ихтисосҳо, шакли таҳсил ва гурӯҳҳои ройгон ё ғайриройгон довталабон маълумоти кофӣ надошта, аксаран интихоб аз ҷониби онҳо ба таври тасодуфӣ сурат мегирад. Масъулини Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро зарур аст, ки дар бораи моҳияти мавзӯъ ба довталабон корҳои фаҳмонидадиҳиро ба роҳ монанд.
Нақшаи қабули Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2017-2018
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ