Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯи 40 ихтисос мутахассис омода менамояд
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) дорои се бинои таълимии асосӣ, ду бинои ёрирасони таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, ду толори варзишию фарҳангӣ, ду бинои китобхона, се бинои хобгоҳ, як ошхонаи замонавӣ, майдони варзишии ҳозиразамон ва дигар иншоотҳои ёрирасон мебошад.
Барои як баст 5200 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, зиёда аз 6500 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар донишкада зиёда аз 350 нафар ҳайати профессорону омӯзгорон ба донишҷӯён таълим медиҳанд ва пажӯҳиши илмӣ мебаранд, ки аз он 14 доктори илм ва 106 номзади илм мебошанд. Сарпарасти ДМИТ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
ДМИТ аз рӯи 3 дараҷа ва зинаи таҳсилот бакалавр (37 тахассус), магистр (12 тахассус) ва доктор аз рӯи ихтисос (5 тахассус) мутахассисони касбӣ тайёр менамояд. Таълим дар донишкада бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
ДМИТ соли 2016 дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, мақоми 4-умро сазовор гардид.
ДМИТ дар соли 2015 соҳиби ду Ҷоизаи байналмилалӣ гардид. Яке барои нишондод ва дастовардҳо дар соҳаи идоракунӣ, баланд бардоштани сифати кору маҳсулот ва ҷорӣ намудани технология ва инноватсияҳои ҷадид Ҷоизаи тиллоии байналмилалии «Тоҷ барои сифат» (Gold Quality Crown, Женева, 22.03.2015) ва баъдан ҷоизаи BIZZ-2015 (World Confederation of Businesses – WORLDCOB, Лас-Вегас, ИМА, 01.08. 2015).
Самти ташаккули инфрасохтори донишкада бо муҷаҳҳазгардонии раванди таълиму таҳқиқот бо технологияи муосир сурат мегирад. Дар донишкада зиёда аз 750 компютер ва 3 маркази тестӣ истифода мешаванд, барои гузаронидани дарсҳои лексионӣ, амалӣ, семинару конфронсҳо ва дигар чорабинию ҷамъомадҳо 29 адад тахтаҳои электронӣ ва 20 адад видеопроекторҳо насб гардиданд, 10 синфхонаи компютерӣ, аз ҷумла, 2 маркази интернетӣ бо 2 китобхонаи электронӣ, 6 синфхонаи компютерии шабакавӣ, 8 синфхонаи лингофонӣ бо барномаи литсензионии муосир амал мекунад, 120 адад ноутбукро омӯзгорон ва кормандони сохторҳои гуногун самаранок истифода мебаранд, 2 баста барномаи лингофонӣ ва 1 баста барномаи таълимии 1С бухгалтерӣ ва дигар барномаҳои компютерӣ мавриди истифода қарор доранд.
Умуман, дар донишкада барои донишҷӯёну магистрантон 1100 ҷой дар хобгоҳи замонавӣ шароит муҳайё карда шудааст. Дар баробари ин, барои 36 шунаванда ва 6 меҳмони хориҷӣ дар як вақт дар бинои хобгоҳи донишкада ҳуҷраҳои меҳмонхонагӣ ташкил карда шудааст.
Донишҷӯён-варзишгарони донишкада ҳамасола дар мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун иштирок карда, натиҷаҳои хуб нишон медиҳанд. Аз ҷумла, дастаи футболбозон ва дастаи баскетболбозони ДМИТ дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он номдор мебошад.
ДМИТ бо зиёда аз 60 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва институтҳои илмию таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Аз ҷумла, бо муассисаҳои Федератсияи Россия (21 адад), Ҷумҳурии Қирѓизистон (9 адад), Ҷумҳурии Қазоқистон (3 адад), Ҷумҳурии Мардумии Чин (3 адад), Кипри Шимолӣ (4 адад), Украина (3 адад), Ҷумҳурии Беларус (1 адад), Гурҷистон (1 адад), Ҷумҳурии Федеративии Олмон (1 адад), Испания (1 адад) ва дигар кишварҳо тайи чор соли охир созишномаҳо ба имзо расиданд ва бандҳои гуногуни он татбиқ шуда истодаанд.
Нархномаи таҳсили як нафар донишҷӯ дар гурӯҳи шартномавӣ
аз рӯи ихтисосҳо дар соли таҳсили 2017-2018
№ | Номгӯйи ихтисосҳо | Номгӯйи рамзҳо | Маблағи таҳсил барои
соли 2017-2018 |
||
Рӯзона
бакалавр |
Рӯзона магистр | Фосилавӣ бакалавр | |||
1 | Ҳуқуқи иқтисодӣ | 1-240103 | 4300 | 4000 | 3200 |
2 | Танзими ҳуқуқи молия ва қарз | 1-24010302 | 4300 | — | 3200 |
3 | Ҳуқуқи андозу бонкӣ | 1-24010204 | 4300 | — | 3200 |
4 | Иқтисодиёти таҳлилӣ | 1-25010201 | 3500 | — | — |
5 | Иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ | 1-25010202 | 4300 | — | 3200 |
6 | Иқтисоди ҷаҳонӣ | 1-250103 | 4300 | 4400 | — |
7 | Молия ва қарз | 1-250104 | — | 4400 | — |
8 | Молия | 1-25010401 | 4700 | — | 3700 |
9 | Кори бонкӣ | 1-25010402 | 4700 | 4400 | 3700 |
10 | Андоз ва андозбандӣ | 1-25010403 | 4700 | 4200 | 3700 |
11 | Суѓурта | 1-25010404 | 3700 | — | 3100 |
12 | Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии берунӣ | 1-25010407 | 3700 | 3700 | — |
13 | Бозори фондӣ | 1-25010408 | 3700 | — | — |
14 | Менеҷменти молиявӣ | 1-25010410 | 4200 | — | 3200 |
15 | Омор | 1-250105 | 3400 | — | — |
16 | Информатикаи иқтисодӣ | 1-250112 | 3400 | — | 3200 |
17 | Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои хурду миёна | 1-25010728 | 3400 | — | — |
18 | Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит | 1-250108 | — | 4200 | — |
19 | Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит дар бонкҳо | 1-25010801 | 4500 | — | 3700 |
20 | Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ | 1-25010803 | 4500 | — | 3700 |
21 | Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит дар саноат | 1-25010805 | 4500 | — | 3700 |
22 | Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит дар фаъолияти иқтисодии берунӣ | 1-25010814 | 4500 | — | — |
23 | Идораи давлатӣ | 1-26010101 | 3500 | — | — |
24 | Менеҷмент | 1-260202 | 4300 | 4000 | 3200 |
25 | Менеҷменти байналхалқӣ | 1-26020202 | 4000 | — | 3200 |
26 | Технологияҳои иттилоотӣ идоракунӣ дар иқтисодиёт | 1-3103060104 | 4200 | — | — |
27 | Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт | 1-40010202 | 4200 | 4000 | 3200 |
28 | Хадамоти гумрук | 1-960101 | 4700 | 4700 | 3700 |
29 | Таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ | 1-96010101 | 4700 | — | 3700 |
30 | Таъмини иқтисоди фаъолияти гумрукӣ | 1-96010102 | 4700 | — | 3700 |
31 | Аудит ва ревизия | 1-250387 | 4500 | 4200 | — |
32 | Молия ва назорат дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ | 1-25010409 | 4700 | — | — |
33 | Менеҷменти инвеститсионӣ | 1-26020208 | 3700 | — | 3000 |
34 | Идораи ҳайати кадрӣ | 1-26020212 | 3700 | — | 3000 |
35 | Логистика | 1-26010323 | 3400 | — | 3000 |
36 | Кори реклама | 1-230102-0304 | 3200 | — | 3000 |
37 | Менеҷменти инноватсионӣ | 1-26020203 | 3700 | — | 3000 |
38 | Инвеститсияи байналмилалӣ | 1-25010305 | 3700 | — | 3000 |
39 | Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи комплекси агросаноатӣ | 1-25010715 | 3200 | — | 3000 |
40 | Бизнес — маъмуриятчигӣ | 1-260201 | — | 4500 | — |
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №209 сабт шудааст.
Аз интихоби донишкадаи мо пушаймон нахоҳед шуд! Марҳабо ба донишкадаи мо!
Маълумоти муфассалро дар сомонаи донишкада дастрас намоед: www.feit.tj
Суроѓа: 734067, ш.Душанбе, кӯчаи Нахимова 64/14.
Тел.: 231-02-01, 231-08-37. Нақлиёт: автобуси № 18. Троллейбуси № 5,12.
Микроавтобусҳои №2,10,14,19,54. Истгоҳи шаҳраки Гипрозем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ