Донишномаи Ёвон чоп мешавад
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон китобе бо номи “Донишномаи Ёвон” чоп мешавад. Чопи китоби мавриди назар бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва мондагор шудани таърихи минтақа аст.
Аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Ёвон ба Pressa.tj гуфтанд, ки чопи китоб то таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Дар ин робита ситоди корӣ таъсис дода шудааст ва аллакай ҷаласаи якуми он ҳанӯз 6-уми июни соли равон бо иштироки адибон ва собиқадорони меҳнат гузаронида шуд.
Дар ҷаласа, Бахтиёр Шарифӣ, раиси ноҳияи Ёвон таъкид, ки китоби “Донишномаи Ёвон” бояд таърихи ноҳия ва тамоми ҷанбаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоии онро дар бар гирифта, мазмунан ва моҳиятан ҷавобгӯ ба талаботи таърихнигорӣ бошад. Барои таҳияи китоб лозим аст, ки доир ба ноҳияи Ёвон, ҳар як деҳаву маҳаллаи он, корхонаву муассисаҳо, мавзеъҳои таърихии диёр ва афроде, ки дирӯзу имрӯз бо мақсади ободию пешрафти маҳал ва Ватан хизматҳои шоён кардаанд, маълумоти таърихӣ ҷамъоварӣ карда шавад,-афзуд вай.
Дар амри амалисозии ин иқдоми хайр ҳар як сокини ноҳия метавонад бо пешниҳоди маълумот ва факту рақамҳо саҳмгузор бошад.
“Ҷойи зикр аст, ки 11 июни соли 2024 аз таъсисёбии ноҳияи Ёвон 90 сол пур мешавад. Дар ин муддат, хусусан, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин гӯшаи Ватани маҳбубамон бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои зоҳирӣ ва маънавии худро куллан дигар карда, роҳи пуршарафи тараққиётро пушти сар кардааст”-, афзуд вай.
Ҳамчунин дар ҷамъомад зикр гардид, ки Бобоҷон Ғафуров дар китоби “Тоҷикон”-и худ ишора кардааст, ки бостоншиносон нахустин маротиба дар миқёси Осиёи Миёна макони аввалини будубоши одамон- Қаратоғро дар ҳамин маҳал (ҳаволии деҳаҳои Гулибодом ва Чормағзак) кашф кардаанд. Замоне (асрҳои VI-I то милод — III мелодӣ), дар ҳудуди водии Ёвони имрӯза 10-12 шаҳру шаҳристонҳои ободон арзи ҳастӣ доштаанд. “Тамошотеппа”, “Ғаравқалъа” ва боз даҳҳо ёдгориҳо ва нигораҳои пурарзиши таърихии дигар шоҳиди таърихи бойи ноҳияи Ёвон мебошанд.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ