Доруфурӯш чаро зиндон рафт?

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро барои 8 сол равонаи зиндон кардааст. Холов В.С. дар фурӯши моддаҳои психотропии навъи “амфетамин” муҷрим шинохта шудааст.

Ба иттилои додгоҳ, Холов моҳи апрели соли 2017 дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз шахси ба тафтишот номаълум як миқдор “амфетамин” гирифта, ва онро ба савдо задааст. Манбаъ мегӯяд, 14 апрели соли 2017 ба Алишер ном шахсе 5 адади онро 100 доллару 50 сомонӣ ва 5 майи соли 2017 бошад, 5 адади боқимондаашро 970 сомонӣ фурӯхтааст. “Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Холов B.C. дар кӯчаи Мушфиқии шаҳри Душанбе дастгир карда шуд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *