Ҳилоли Аҳмар ба ниёзмандон 4 тоннаву 605 кило гӯшти гов тақсим кард

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон рӯзи 2-юми сентябр ба 1500 ниёзманд дар Душанбе 3 килограми гушти қурбонӣ тақсим кард. Ба иттилои Маркази иттилоотии Ҳилоли Аҳмар, гуштҳоро сафорати Туркия дар Душанбе дар ихтиёри ин ниҳод гузошт ва кормандону волонтерҳои ҷамъият онро ба ниёзмандон тақсим намуданд.

Ба иттилои манбаъ, «дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе 4 тоннаву 605 кило гӯшти гов тақсим шуд. Рӯйхати ниёзмандонро мақомоти маҳаллии пойтахт дастраси Ҷамъият карданд, ки аз ҳар ноҳия 375-нафарӣ кӯмак дарёфт карданд.»

Ба гуфтаи Нодир Аминзода, корманди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар, аз кӯмакҳои ин ниҳод 30 хона-интернат аз вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе низ бархӯрдор шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз маркази иттилоотии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар хабар доданд, ки 28-уми август дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Қатар 200 нафар шахсони имконияташон маҳдуд ва ниёзмандони 4 ноҳияи шаҳри Душанбе, кӯмак дарёфт кардаанд.

Ин кӯмакҳо аз қабили орд ба миқдори умумии 10 тонна (50 кг. ба ҳар як оила), 1 тонна шакар (5 кг. ба ҳар як оила), 1000 литр равғани растанӣ (5 л. ба ҳар як оила) ва 1 тонна биринҷ (5 кг. ба ҳар як оила) иборат будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *