Ояндаи беҳтарин дар донишгоҳи беҳтарин!

Довталабони азиз, шумо дар ростои интихоби касб – нахустин интихоби ҷиддӣ ва тақдирсозе қарор доред, ки мазмуни зиндагӣ ва имконияти  амалишавии орзуву ниятҳоятон ба он иртиботи бунёдӣ дорад.

Давлатзода Қудрат Қамбар, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ

Интихоби  дурусти шумо – кафолати ояндаи дурахшон ва шарти асосии татбиқи  рисолати инсониатон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, дар интихоби пешаи худ нуктасанҷ ва ояндабин бошед, зеро мо дар асри техника ва технологияи навин қарор дошта, шоҳиди инқилобҳои бузурги саноатӣ ва рушди бесобиқаи илмҳои дақиқ ва техникаву технология ҳастем. Маҳз ҳамин дастовардҳои техникиву технологӣ ҳаёти моро мазмуни дигар бахшида, омили бунёдии  таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва давлат ба ҳисоб мераванд.

Ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи дурахшон қадам ниҳода, дар давраи на чандон тӯлонии таърихӣ дар тамоми бахшҳои  ҳаёти ҷомеа, аз он ҷумла дар самти низоми миллии омодакунии кадрҳои баландихтисос ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо иқтидори бузурги кадрӣ ва моддию техникӣ дар самти омода кардани  кадрҳои муҳандисию техникӣ ва иқтисоддонони соҳавӣ мавқеи калидӣ дошта, имрӯзҳо дар заминаи 7 факултет аз рӯи самтҳои энергетика, технологияҳои инноватсионӣ, иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёту роҳсозӣ, иқтисодиёти соҳавӣ, муҳандисон,  технологҳо ва менеҷерони соҳавиро омода мекунад.

Дар донишгоҳ барои таҳсил, таҳкими ҷаҳонбинии илмию техникӣ, татбиқи иқтидори зеҳниву инноватсионӣ ва таҳқими тафаккури соҳибкории донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда шуда, барои будубоши донишҷӯён хобгоҳҳои замонавӣ мавҷуд мебошанд. Ҳамзамон, дар  донишгоҳ кафедраи ҳарбӣ фаъолит намуда, имконияти васеи омӯзиши технологияҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, мутолиаи китобҳои соҳавии илмию бадеӣ ва варзишу тамрин фароҳам оварда шудааст.

Дар баробари ин, ҳамасола дар доираи созишномаҳои байнидонишгоҳӣ ва лоиҳаҳои грантии татбиқшаванда теъдоди зиёди донишҷӯён дар доираи мубодилаи академӣ  ба донишгоҳҳои бонуфузи минтақа ва ҷаҳон сафарбар карда мешаванд. Агар мехоҳед худро ҳамчун муҳаққиқи ҷавону умедбахш ва муҳандиси моҳиру кордон бубинед, дар тавсеаи ҷаҳонбинии техникӣ ва иттилоотиву иртиботии хеш муваффақ гардед, истифодабарандаи фаъол ва ихтироъкори технологияҳои навини саноативу сохтмонӣ ва муҳандисиву конструкторӣ  бошед, бо донишу малакаи хеш дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, таъсиси долонҳои бузурги транзитӣ ва саноатикунонии босуръати он мавқеи калидӣ дошта бошед, конструктори дастгоҳу таҷҳизот ва мошинолотҳои гуногун бошед, меъмори касбӣ ва офарандаи муъҷизаҳои сохтмонӣ гардед, мутахассиси баландихтисоси соҳаи роҳу нақлиёт ва  технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ бошед, пас Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ шуморо интизор аст.

Марҳабо, ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ-боргоҳи кашфиёту ихтироот!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.