Довталабон кадом ихтисосро интихоб мекунанд?

Аз якуми июл имтиҳонҳои дохилшавӣ тариқи Маркази миллии тестӣ оғоз ёфт. Феълан, довталабон аз рӯйи 5 кластер барои шомил шудан ба макотиби олии кишвар имтиҳон месупоранд. Натиҷаи имтиҳонҳо санаи 20-уми июл маълум мегардад.

Мо аз чанд марказҳои имтиҳонсупорӣ дидан кардем ва бо довталабону волидонашон доир ба интихоби ихтисосҳо, таҳсилоти ройгон ва шартномавӣ ҳамсуҳбат шудем. Мушоҳидаҳои мо нишон дод, ки бештар довталабон чун дар гузашта ихтисосҳои кластери чорум ва панҷумро интихоб мекунанд.

Абдуллоева Миҷгона, довталаб:

“Ман ихтисоси дипломатияро интихоб кардам, чунки ба корҳои ҳукуматӣ шавқу ҳаваси зиёд дорам ва мехоҳам дар оянда ба ватани худ хизмат кунам. Умед дорам, ки аз имтиҳонҳо мегузарам”.

Мирзоева Моҳира, модари довталаб:

“Фарзанди ман аз ихтисосҳои кластери чорум, риштаи ҳуқуқшиносиро интихоб кард. Умедворам, ки ӯ ҳатман дохил мешавад, чунки тайёриаш ҷиддӣ аст. Кӯшиш мекунем, ки ҳама имкониятро барои ӯ фароҳам оварем, то аз ҷараёни таълим бебаҳра намонад. Дар ҳолати дохил нашудан, албатта, боз тайёрии ҷиддитар мебинад ва дар марҳилаи дуввум ё боз соли оянда дохил мешавад. Дунё ба умед”.

Тураева Оиша,  довталаб:“Аз хурдсолӣ мехостам психолог шавам, бинобар ин, ҳамин риштаро интихоб кардам. Кумак расонидан ба одамон ба ман писанд аст. Мехоҳам буҷавӣ дохил шавам, вале агар шартномавӣ гузарам, падарам шароити пардохти онро дорад. Дар сурати қабул нашудан метавонам соли оянда супорам”.

Ҷумаева Гулсуной, модари довталаб:

“Фарзанди ман ихтисоси идоракунии давлатиро интихоб кард. Ӯ ҳамаи 12 ихтисосро ройгон интихоб намудааст. Ман бовар дорам, ки ӯ ба донишгоҳ дохил мешавад, зеро саводаш хуб ва гирандаи стипендияи президентӣ аст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *