сафорат

Ду нафар аз ҳалокшудагони садамае дар Иркутск тоҷикон будаанд (аудио)

Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия аз ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ, ки 9-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Федератсияи Русия рух додааст, изҳори андуҳ кард.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Русия, аз чор нафар ҳалокшудагон ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

— Шахсияти ду нафар ҳалокшудагон аз ҷониби Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори кишвари иқомат муайян шуда истодааст. Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск барои расонидани кумакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан изҳори омодагӣ мекунад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *