Духтари Навоз Шариф сарвазир шуд

Марям Навоз — духтари Навоз Шариф, раҳбари ҳизби Лигаи мусалмонон ба симати сарвазири иёлати Панҷоби Покистон интихоб шуд.

“Дон” — нашрияи покистонӣ менависад, ки Марям Навоз рӯзи 26-уми феврал дар маросиме бо ҳузури падараш савганд ёд кард. Бино ба гузориши ин расона, дар ин маросим Марям Навоз таъмини амнияти занон ва ҷилавгирӣ аз озори онҳоро авлавият донист.

Вай бо таъкид ба таъсиси як телефони вижа барои кумак ба занон гуфт, ки «азияти занон хати сурхи Марям Навоз аст».

Марям Навоз нахустин занест, ки ба мақоми сарвазир ё худ вазири аршади иёлати Панҷоб, пураҳолитарин иёлати Покистон интихоб шуд.

Қабл аз ин дар ин вазифа падараш Навоз Шариф ва амакаш Шаҳбоз Шариф низ кор кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *