Тағйироти кадрӣ дар вазорати мудофиаи Тоҷикистон

Имрӯз, 28 феврал дар вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва чанд нищоди дигар тағироти кадрӣ сурат гирифт. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор муовини вазири мудофиа иваз шуданд.

Ҳамин тариқ, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Ҷамшед Сафар — муовини вазири мудофиа оид ба тайёрии ҷангӣ, Носирзода Одил Раҳмон — муовини вазири мудофиа оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, Раҳимзода Музаффар Анвар — муовини вазири мудофиа оид ба корҳои сиёсӣ ва тарбиявӣ ва Саидзода Бобоҷон Абдуқодир — муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ таъйин гардиданд.

Ҳамчунин, Абдусаттор Шоҳиён — сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Бобозода аз вазифаи фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард озод шуда, ба ин вазифа Раҳмоналӣ Сафарализода таъйин гардид.

Ҳамзамон, Собирзода Шамсиддин Маъруф — Фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоирзода Дилшод Амон — муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданд.

Ба вазифаҳои муовини аввал ва муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, сардорони якчанд раёсату хадамоти Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, командирони баъзе қисмҳои ҳарбӣ, комиссарони ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ ва дар назди сафоратҳои Тоҷикистон дар якчанд кишвари хориҷӣ кадрҳои соҳибтахассуси ботаҷриба таъйин гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *