Сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон зиёд шуд

Сегонаи давлатҳои калонтарин сармоягузор дар Тоҷикистон эълон шуд: Қазоқистон, Чин ва Русия.  

Хуршедаи Қодир, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни муаррифии дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар Душанбе гуфт, ки Қазоқистон беш аз 220 млн доллар, Чин беш аз 130 ва Русия қариб 100 млн доллар ба Тоҷикистон сармоягузорӣ намудаанд. Ин маблағест, ки як соли гузашта кишварҳои номбурда ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд.

Дар маҷмуъ, соли 2023 воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон 2,7 млрд долларро ташкил дода, дар муқоиса бо нишондоди соли қаблӣ 114 млн доллар зиёд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *